Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз интишори гузориши прокурори вежа пуштибонӣ кард


Доналд Трамп ва Роберт Мюллер
Доналд Трамп ва Роберт Мюллер

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 20 март аз интишори гузориши комиссиюни Роберт Мюллер, ки дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад, пуштибонӣ кард. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи Мюллер базудӣ анҷом меёбад.

Изҳороти Трамп дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафтае пеш Палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба интишори ин гузориш якдилона овоз дод. Қатънома хусусияти тавсиявӣ дорад.

Моҳи майи соли 2017 муовини вазири адлияи ИМА раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқот (FBI) Роберт Мюллерро прокурори бозҷӯии маълумот дар бораи дахолати Русия ба интихоботи президентӣ таъин кард. Дар баробари ҷамбаҳои дигари таҳқиқот Мюллер бояд мушаххас кунад, ки оё нафароне аз ситоди интихоботии Трамп барои заъиф кардани мавқеи номзади рақиб аз Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон бо Русия муомилоте доштанд ё не. Кремл даст дахолат ба умури интихоботи ИМА-ро қотеона рад мекунад.

Бар пояи қонунҳои ИМА, Мюллер муваззаф аст, ки натиҷаи фаъолияташро ба Додситони кулл Уилям Барр ба таври маҳрамона пешниҳод кунад. Масъулияти инитшор кардан ё накардан, нима ё пурра пахш кардани гузориш дар салоҳияти Додситони кулл аст.

Уилям Барр моҳи январ гуфта буд, ки дар робита ба гузориши Мюллер ҳадафи ӯ таъмини шаффияти бештар аст. Аммо додситон ба таври мушаххас нагуфт, ки гузориш нашр мешавад ё не. Мухолифони Доналд Трамп аз ин нигаронанд, ки агар дар гузориш робитаи нафарони Трамп аз ситоди интихоботӣ бо Кремл зикр шавад президент аз нашри он ҷилавгирӣ мекунад.

Худи Доналд Трамп иттиҳоми ҳамагуна муомилот бо Путинро қотеъона рад мекунад ва таҳқиқоти Мюллерро "кори беҳуда" ва харҷи беҳудаи пули андозсупорандаҳо меномад.

XS
SM
MD
LG