Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон беш аз 14 миллион сомонӣ андозу ҷаримаҳоро бахшид


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор андозҳое, ки то 1-уми январи соли 2011 пардохт нагаштаанд ва ҳамчунон ҷаримаву фоизҳое, ки барои напардохтани ин андозҳо ҳисоб шудаанд, авф кард.

Дар матни қарори зирабти Ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, "бақияпулиҳои андози андозсупорандагон аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳо, ки то 1 январи соли 2011 ба вуҷуд омада, то ҳол пардохт нагардидаанд ... аз эътибор соқит карда шаванд".

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки ҷаҳонӣ низ дар гузоришҳои худ гуфтаанд, ки имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест.

Мувофиқи ин санад, дар маҷмӯъ маблағи 14 миллиону 261 ҳазору 751 сомонӣ андози напардохтаи соҳибкорону ширкатҳо ва ҳамчунон ҷаримаву фоизҳои он сӯи давлат бахшида мешавад. Авфи андоз тибқи як санади қаблан қабулкардаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони "Дар бораи тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо" сурат мегирад. Бар тибқи он, ҳукумати Тоҷикистон молиёте, ки андозсупорандгон, то 1-уми январи соли 2009 пардохт накардаанд, муоф кард.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз Кумитаи андози Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, тибқи тартиби авфи андозҳо, кумита ҳақ дорад қарзи андозеро, ки то 300 ҳазор сомонӣ аст, мустақилона бубахшад. "Аммо агар қарзи андоз аз 300 ҳазор сомонӣ бештар бошад, танҳо бар асоси пешниҳоди Вазорати молияи Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад онро беэътибор эътироф кунад. Худи кумита чунин салоҳият надорад",-афзуд вай.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.

Авфи андозҳо ва ҷаримаву фоизҳои он дар ҳоле дар Тоҷикистон сурат мегирад, ки шикоятҳо аз мизони баланди андозҳо худсарии нозирони андоз ва таҷриба талаби пешпардохти молият аз сӯи соҳибкорон в ширкатҳо зиёд шунида мешавад.

Аз соли 2014 ба ин ҷониб чанд ширкати мобилӣ, аз ҷумла, Вавилон, Мегафон, Билайн дар пайи санҷиши Кумитаи андоз ба рӯйпуш кардани даромадҳо айбдор шуда, ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ ҷарима шуданд.

Пас аз он Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, мизони андозҳо дар кишвар то ҳадде баланд аст, ки ширкатҳо аз фаъолияти худ фоидае намебинанд ва аксарияти даромади ба дастовардаашонро ҳамчун андоз ба давлат пардохт мекунанд.

Шикоят аз имтиёзҳо ба ширкатҳои "худӣ"

Дар ҳоле ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои наздик ба ҳукумат имтиёз мегиранд ва аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод мешаванд.

Тоҷикистон дар гузашта ширкатҳои "Хуаксин Ғаюр Семент" ва "Хуаҷин Ғаюр Индастриал"-ро низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.
Тоҷикистон дар гузашта ширкатҳои "Хуаксин Ғаюр Семент" ва "Хуаҷин Ғаюр Индастриал"-ро низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Ҳафтае қабл бо пешниҳоди ҳукумат порлумони Тоҷикистон ширкати "Амирӣ"-ро аз пардохти андози аз даромад ва НДС барои 10 озод кард. Тибқи сандаҳо, ин ширкат ба Зарифбек Давлатов тааллуқ дорад. Дар гузашта чанде аз пойгоҳҳои хабарӣ, аз ҷумла eurasianet.org ва нашрияи "Аргументы и факты"-и чопи Маскав ӯро яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.

Дар гузашта чанде аз ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор шуда буданд. Тоҷикистон ширкатҳои "Хуаксин Ғаюр Семент" ва "Хуаҷин Ғаюр Индастриал"-ро, ки ба Акбар Ғуломов, писари муовини нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Коршинос: "Бояд қоидаи ягона бошад"

Аммо коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи" бозиро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор гашта, дигарон зери бори андоз қомат хам кунанд.

Толиб Мансур, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, таҷрибаи аз андоз озод ва имтиёз додан дар пардохти он дар дигар кишварҳо бештар ба хотири рушди ягон соҳа ва ё дастгирии соҳбкорону ширкатҳо тоза ба фаъолият пардохта дода мешавад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вай гуфт, "дар Тоҷикистон мо ҳолати баръаксро мушоҳида мекунем. Ширкатҳои бузург, корпоратсияҳо аз андоз озод мешаванд. Ҳол он, ки баръакс мо бояд ба ширкатҳои хурд, онҳое, ки нав корро шуруъ кардаанд, имтиёз диҳем. То ин, ки фарз кардем пас аз 3 сол онҳо ба по рост шаванд ва он замон аз онҳо андоз ситонида шавад".

Толиб Мансур мегӯяд, имтиёз додан дар пардохти андоз ва ё, умуман озод кардан аз он, бинобар таҷрибаҳои пешрафта бояд аз рӯи мантиқ ва муайян ва барои ҷомеа фаҳмо ба шикратҳо дода шавад. "Аз андоз озод кардан ва ё, имтиёз додан набояд аз рӯи принсипи хешу таборӣ ва ё, ин ки наздикӣ бо мансабдорон дода шавад. Ҳар ширкате, ки имтиёз мегирад, бояд аҳли ҷомеа донад, ки кадом хотир ба ин ширкат имтиёз дода шуд, дар ҳоле, ки дигаранд ӯҳдадоранд андозро ба пуррагӣ дар мӯҳлати муайяншуда пардозанд",-гуфт ӯ.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки ҷаҳонӣ низ дар гузоришҳои худ гуфтаанд, ки имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун дар шароити иқтисоди бозорӣ миёни ширкатҳо рақобати носолимро ба вуҷуд меорад ва аз тарафи дигар будҷаи кишвар аз даромад маҳрум мемонад.

XS
SM
MD
LG