Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба суханони Трамп дар бораи аз Исроил донистани баландиҳои Ҷулон


Дархости Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои ба расмият шинохтани ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Ҷулон, вокунишҳои сахтеро ба миён овардааст. Иттиҳодияи Араб ва Туркия ин дархостро "ғайриқонунӣ" хонданд ва ба ҳимояти худ аз Сурия дар ин замина таъкид карданд.

Аҳмад Абулғайз, дабири кулли Иттиҳодияи Араб рӯзи панҷшанбеи 21-уми март дар изҳороти худ баландиҳои Ҷулонро "сарзамини ишғолӣ" номид ва нуқтаи назари Доналд Трампро "ғайриқонунӣ" хонд.

Вай аз ҷумла гуфт, "кишварҳои Иттиҳодияи Араб комилан аз ҳаққи Сурия дар робита бо ин сарзамини ишғошуда ҳимоят мекунанд. Мавзеи мо дар ин замина комилан рӯшан ва ҳамсӯ бо қатъномаҳои байналмилалӣ аст".

Исроил дар беш аз ним қарни контроли худ бар Ҷулон, даҳҳо шаҳр ва шаҳрак дар ин минтақа бунёд кардааст.

Чанд соат пеш аз ин, Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишта буд, "пас аз 52 сол вақти он расидааст, ки ИМА ҳокимияти Исроилро бар баландиҳои Ҷулон ба таври комил ба расмият бишносад".

Исроил аз соли 1967 дар пайи ҷанге бо кишварҳои арабӣ, баландиҳои Ҷулонро ба тасарруфи худ даровард. Аммо қатъномаи рақами 242-и Шӯрои Амнияти СММ баландиҳои Ҷулонро минтақаи ишғолӣ меномад ва аз Исроил мехоҳад, ки онҷоро ба Сурия баргардонад.

Аҳмад Абулғайз, дабири кулли Иттиҳодияи Араб.
Аҳмад Абулғайз, дабири кулли Иттиҳодияи Араб.

Аҳмад Абулғайз дар изҳороти рӯзи панҷшанбеи худ ба ин амр ишора кард ва гуфт, тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои Амният, баландиҳои Ҷулон минтақаи ишғолшуда аст ва ба Сурия тааллуқ дорад.

Ҳамчунин Туркия нахустин қудрати минтақа буд, ки ба паёми твиттерии Доналд Трамп вокуниш нишон дод ва онро маҳкум кард. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар "Твиттер"-и худ навишт, "тамомияти арзии кишварҳо муҳимтарин асли қонунҳои байналмилалӣ аст".

Вай изофа кард, "талошҳои Амрико барои машруият бахшидан ба иқдомоти Исроил алайҳи қонунҳои байналмилалӣ ва танҳо ба хушунат ва ранҷи бештар дар минтақа меанҷомад". Оқои Човушоғлу дар ниҳоят таъкид кард, ки "Туркия аз тамомияти арзии Сурия ҳимоят мекунад".

Исроил ҳарчанд соли 1967 Ҷулонро тасарруф кард, аммо дар соли 1981 бо қабули як санад ин минтақаро ба таври расмӣ замимаи хоки худ сохт, аммо Созмони Милали Муттаҳид онро напазируфт. Ҳеҷ кишваре дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба шумули Амрико то ба имрӯз пайваст кардани Ҷулон ба Исроилро ба расмият нашинохтааст.

Паёми "Твиттер"-и Доналд Трамп аз сӯи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил истиқбол шудааст. Оқои Нетаняҳу дар "Твиттер"-и худ навишт, "дар даврае, ки Эрон мехоҳад аз хоки Сурия ҳамчун платформае барои нобудии Исроил истифода кунад, президент Трамп ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Ҷулонро ба расмият мешиносад. Ташаккур, президент Трамп".

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.
Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.

Ба гузориши хабаргузории Бӣ-Бӣ-Сӣ, рӯзи ҷумъаи 22-юми март телевизиони давлатии Сурия ба нақл аз "як манбаъ дар вазорати хориҷии он кишвар гуфтааст, "тасмими раиси ҷумҳури Амрико ҳеҷ тағйире дар ин воқеият намедиҳад, ки Ҷулон мутааллиқ ба Сурия аст ва мутааллиқ ба Сурия хоҳанд монд ва Сурия аз ҳар василае барои бозпас гирифтани ин бахш аз сарзамини худ истифода хоҳад кард".

Расонаҳои исроилӣ аз муддатҳо пеш навишта буданд, ки эҳтимолан Доналд Трамп дар сафари пешрӯи Бенямин Нетаняҳу ба Вашингтон ҳокимияти Исроил бар Ҷулонро ба расмият бишносад. Нетаняҳу, ки ҳафтаи оянда барои суханронӣ дар конфронси Кумитаи робитаҳои умумии Амрико ба Вашингтон меравад, душанбеи 25-уми март дар Кохи Сафед бо Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард.

Сурия бар ҳудуди 400 километр аз 1800 километри мураббаъ масоҳати баландиҳои Ҷулон назорат дорад. Исроил дар беш аз ним қарн назораташ бар Ҷулон, даҳҳо шаҳр ва шаҳрак дар ин минтақа барпо кардааст.

XS
SM
MD
LG