Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида меравад


Конор Макгрегор ва Ҳабиб Нурмагамедов
Конор Макгрегор ва Ҳабиб Нурмагамедов

Бозигари ирландӣ Конор Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида хориҷ мешавад.

"Тасмим гирифтам ин варзишро, ки бо номи муҳорибаи бидуни қоида маълум аст, канор гузорам", - навишт ӯ дар Твиттер ва ба ҳамкорони собиқаш дар муҳорибаҳои оянда комёбӣ орзу кард.

Бори аввал нест. ки Макгрегор чунин изҳорот медиҳад. Моҳи апрели соли 2016 ӯ навишта буд, ки "мехоҳам ба варзиш хотима диҳам ва онро ба ҷавонон вогузорам".

Макгрегори 30-сола 25 набарди бидуни қоида баргузор кардааст. Ин варзишгари ирландӣ аввалин унвони қаҳрамони UFC-ро соли 2015 ба даст овард.

Набарди ахири ӯ барои унвони қаҳрамони UFC рӯзи 6-уми октябри соли гузашта дар Лас-Вегас алайҳи Ҳабиб Нурмагамедов баргузор шуд. Варзишгари Русия дар даври чаҳоруми бозӣ бо усули хафа кардани рақиб пирӯз шуд. Аммо унвони қаҳрамони UFC-ро ба ӯ надоданд, чун қоидаи бозиро вайрон кард ва то эълони расмии натиҷаи набард аз саҳна берун шуд.

Он замон Нурмагемедов аз панҷараи атрофи саҳна ба берун ҷаҳид ва бо ҳаводорон вориди даргирӣ шуд. Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмагамедов, сабаби даъво ин буд, ки Макгрегор баъди мағлубияташ мусалмонҳоро таҳқир кард. Варзишгари ирландӣ иттиҳомро рад мекунад.

Дар пайи ин муноқиша ҳарду варзишгар радди салоҳият шуданд. Муҷозоти Макгрегор миёнаҳои моҳи апрел ба поён мерасад. Ӯ гуфта буд, ки мехоҳад варзишро идома диҳад ва дубора бо Нурмагамедов набард кунад.

Моҳи апрели соли гузашта Макгрегор дар Ню-Йорк ба автобусе ҳамла кард, ки Ҳабиб Нурмагамедов дар дохилаш буд. Ӯ боздошт ва ба гуноҳаш иқрор шуд. Барои ҳамин ҷазояш ҳам сабук буд. Макгрегор муваззаф шуд, ки хисоротро ҷуброн кунад, панҷ рӯз ба корҳои ҷамъиятӣ ва дарси идоракунии хашм машғул шавад.

XS
SM
MD
LG