Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги тӯлонӣ ва ранҷҳои кӯдакони афғон. ВИДЕО


Дар Афғонистон, ки нисфи аҳолиаш наврасони то 15-сола ҳастанд, ҷанги 17-сола бештар аз ҳама ба кӯдакон осеб расонидааст. Забеуллоҳ Муҷоҳиди 12-сола ҳар рӯз кафш пок мекунад, то барои худу хонаводааш қути лоямуте ба даст биёрад. Ӯ яке аз кӯдакони бешумор ва ятимест, ки бояд аз субҳ то шом барои таъмини хонавода кор кунад.

Падари Забеҳуллоҳ чаҳор сол пеш дар натиҷаи ҳамлаи як Толиби маргталаб кушта шуд. Ҳамаи оила маҷбур ба шаҳр омаданд ва касе аз онҳо мактаб намехонад.

Забеҳуллоҳ агар хуб кор кунад, рӯзона аз ҳисоби пок кардани кашфи мардум дар Кобул ду доллар ба даст меорад. Пули зиёде намеёбад, вале ноновари хона ӯст. Дар кӯчаи пургарду хок раҳгузарон ба Забеуллоҳ кор медиҳанд. Ӯ яке аз кӯдакони зиёди Афғонистон аст, ки ранҷи ҷанги 17-соларо мекашанд.

Созмони Милал мегӯяд, соли гузашта 927 кӯдак дар Афғонистон кушта шудаанд ва бештар аз ҳар соли дигар. Мисли Забеуллоҳ ятимон ва кӯдакони коргар зиёданд.

Забеҳуллоҳ мегӯяд, "ман ба Толибон бисёр нафрат дорам, вале мехоҳам Афғонистон орому осуда бошад. Куштани кӯдакон ва бомбгузориро бояд бас кунанд. Толибон бояд ба кишвари мо биёнд ва ба музокироти сулҳ бипайванданд".

Падари Забеҳуллоҳ чаҳор сол пеш дар натиҷаи ҳамлаи як Толиби маргталаб кушта шуд. Ҳамаи оила маҷбур ба шаҳр омаданд ва касе аз онҳо мактаб намехонад. Забеуллоҳ гоҳ дар байни кор гоҳо ба наққошӣ машғул мешавад. Як созмони хайрия ин корро барои кӯдакони коргар ташкил кардааст.

Достони Забеҳуллоҳ -- ятиме, ки хонаводаро мехӯронад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Бо онки Толибону Амрико дар бораи сулҳ музокира мекунанд, созмонҳои имдодӣ умедвор шудаанд, ки сулҳи доимӣ дар ин кишвар пойдор мешавад. Аммо айни замон нигаронанд, ки додани саҳме аз ҳукумат ба Толибон рӯзҳои сиёҳи пеш аз соли 2001-ро бармегардонад. Як сухангӯи Толибон ба "Рейтерс" гуфтааст, гуноҳи ишғолгарони хориҷист, ки кӯдакони афғон аз ҷанг ранҷу азоб мекашанд.

Вале модари Забеуллоҳ умедвори рӯзҳои беҳтар аст. "Худо хоҳад ба кишвари мо сулҳ меояд. Зиндагии ман дигар тағйир намеёбад, аммо намехоҳам, ояндаи Забеуллоҳ нобуд шавад",-мегӯяд модари Забеҳуллоҳ.

XS
SM
MD
LG