Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар намоз хонӣ ва ғусл кунӣ, террорист меноманд". ВИДЕО


Омир Бекалӣ
Омир Бекалӣ

Иёлоти Муттаҳида дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, ки ахиран муаррифӣ шуд, ба вазъи уйғурҳои Чин тамаркуз кард.

Як рӯз ман ҳамаи хостаҳои онҳоро рад кардам. Гӯшти хук нахӯрдам, бо забонашон гап назадам. Дар онҷо ҳақ надоред, ки тибқи ақидаи худ фикр кунед. Бояд чинӣ фикр кунед, бояд чинӣ гап занед.

Амрико ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба ин назаранд, ки Чин бо боздошту нигаҳдории уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусалмон дар марказҳои махсус маъракаи поккории диниву нажодиро ба роҳ мондааст. Вале Пекин иддао дорад, ки барномаи мубориза зидди ифротгароиро иҷро мекунад.

Омир Бекалӣ, шаҳрванди қазоқтабори Чин, пас аз раҳоӣ аз боздошт дар вилояти ноороми Шинҷони Чин ба Туркия паноҳ бурд. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, ягона гуноҳаш ин аст, ки мусулмон аст.

"Ҳаргуна баҳона барои боздошт кофист. Риш гузоштан, рафтан ба намози ҷумъа, дуо дар ҷаноза, гуфтани салом алейкум кофист, ки дастгир кунанд. Номи Муҳаммадро доштан кофист. Ҳама чизро баҳона мекунанд", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Агар намоз хонӣ ва ғусл кунӣ, террорист меноманд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Гуруҳи таҳқиқотии Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Шинҷон вилояти умдатан мусулмоннишини Чин тақрибан як миллион уйғурро худсарона дар урдугоҳҳои тарбиявӣ нигаҳ медоранд.

Омир Бекалиро баъди ҳафт моҳи зиндон ба яке аз ин урдугоҳҳо бурдаанд: "Як рӯз ман ҳамаи хостаҳои онҳоро рад кардам. Гӯшти хук нахӯрдам, бо забонашон гап назадам. Дар онҷо ҳақ надоред, ки тибқи ақидаи худ фикр кунед. Бояд чинӣ фикр кунед, бояд чинӣ гап занед. Бояд рӯй нашӯед, ғусл накунед. Агар даст шӯед, мегӯянд, ки ғусл кардӣ ва ту террористӣ, идеологияи дигар дорӣ."

Яке аз урдугоҳҳои бозтарбия дар Чин
Яке аз урдугоҳҳои бозтарбия дар Чин

Агарчӣ кишварҳои зиёди мусулмоннишин дар масъалаи сарнавишти уйғурҳо сукут кардаанд, Туркия яке аз онҳоест, ки ошкоро дар ин бора суҳбат мекунад.

Чезмӣ Байрам, раҳбари созмони “Хонаводаи турк” ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфт, “Туркияро мебояд, таваҷҷуҳи ҷаҳонро ба ин масъала ҷалб кунад. Раҳбарони мо бояд ба Чин бигӯянд, агар мехоҳанд, бо Туркия робитаи хуб дошта бошанд, пас, ба ин масъалаи ҳассос барои мо бештар аҳамият диҳанд. Ин урдугоҳҳо бояд холӣ шаванд ва онҳое, ки бегуноҳ дар зиндонҳо ранҷ мекашанд, бояд озод карда шаванд.”

Аммо мақомоти Чин то кунун ҳамагуна интиқоду иддао дар бораи урдугоҳҳоро беасос хондаанд.

XS
SM
MD
LG