Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар хадамоти дипломатӣ, бонкдорӣ ва телевизиони Тоҷикистон


Низомиддин Зоҳидӣ сафири нави Тоҷикистон дар Эрон таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 10-уми апрел фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир гардид. Зоҳидии 62-сола аз соли 2010 то ин дам ба ҳайси муовин ва ноиби аввали вазири умури хориҷӣ кор кардааст. Ӯ дар гузашта раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

Тоҷикистон дар ҳоле намояндаи нави худро ба Эрон таъйин кард, ки Теҳрон низ моҳи марти имсол сафири нави худро ба Душанбе фиристод.

Муносибати ду кишвар тайи тақрибан чаҳор соли охир ба сардӣ печида буд ва танҳо моҳи феврали имсол ҳарду тараф аз беҳбуди равобит хабар доданд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва қатли шуморе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангиву илмӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он муттаҳам кард. Иттиҳоме, ки Эрон ҳамвора рад намудааст.

Неъматулло Эмомзода, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон, моҳи феврали имсол аз мақом барканор шуд.

Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср, аз мақоми худ озод ва муовини аввали вазири умури хориҷӣ шудааст. Ардашер Қодирӣ, ки то ин вақт раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷиро ба уҳда дошт, ба ҳайси сафири Тоҷикистон ба Малайзия рафт.

Дар ин рӯз дар чанде аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба қарори ҳукумат, Шаҳло Сайфзода ва Фирдавс Ризвонзода - муовинони раиси "Амонатбонк" ва Сайрам Бақозода - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардиданд.

Ҳокимшоҳ Бобозода мудири "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" ва Бахтиёр Назирмадзода муовини аввали мудири Оҷонсии содироти назди ҳукумат шудаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ба номзадии Умед Гуреззода ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе ризоят дода шудааст.

Ҳар сол дар моҳи январ ва баъди он дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Дар аввали имсол раисони ширкати давлатии "Тоҷик Эйр", бонки давлатии "Амонатбонк" ва Маркзаи тадқиқоти стратегӣ иваз шуданд. Аз он пеш раиси вилояти Хатлон низ тағйир карда буд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин тағйирот бештар аз ҷойивазкунии мансабдорон иборат аст, ки сари чанд вақт аз як мақом ба мақоми дигар "мекӯчанд". Онҳо аз тағйирти моҳи январ мисол меоранд, ки Шавкат Бобозода – вазири саноат ва узви ҳукумати Тоҷикистон ва Заробиддин Файзуллозода – сардори Сарраёсати геология "бо сабаби ҷой доштани камбудӣ дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеи худ" аз вазифа ронда шуданд, аммо дарҳол мансаби нав гирифтанд. Шавкат Бобозода раиси Оҷонсии нави содироти Тоҷикистон ва Заробиддин Файзуллозода вазири саноат ва технологияҳои нав шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми августи соли 2019
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG