Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо "камбудиҳои" Руминияро баррасӣ мекунад


Порлумони Аврупо

Интизор меравад, имрӯз 15-уми апрел Порлумони Аврупо масъалаи волоияти қонун дар Руминия яке аз кишварҳои узвро баррасӣ кунад. Мубоҳисаи порлумонӣ баъд аз он сурат мегирад, ки Кумиссиёни Аврупо ба Руминия дар робита ба низоми додгоҳӣ ва риояти қонун дар кишвар ҳушдор дод.

Франс Тиммерманс, муовини президенти Кумиссиёни Аврупо гуфт, “Руминия бояд ҳарчӣ зудтар ба ислоҳот баргардад, яъне ба пеш на ба қафо ҳаракат кунад.” Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Руминия бояд аз ҳар иқдоме, ки дастовардҳои кишварро аз байн мебаранд, даст кашад.

Танқидҳои Руминия баъди он шуруъ шуд, ки ҳукумат аввал Лаура Коевеси, додситони масъули мубориза бо коррупсияро аз мақомаш барканор кард ва сипас ӯро ба фасодкорӣ муттаҳам намуд. Ӯ ҳамчунин барои 60 рӯз аз ҳаққи тарки Руминия маҳрум шуд.

Аммо баъдан Додгоҳи Олии Руминия ба ӯ иҷозаи сафар ба хориҷ дод. Лаура Коевеси яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси идораи мубориза бо тақаллуб дар Иттиҳодияи Аврупо аст ва бояд барои интихоб ба ин вазифа ба хориҷ сафар кунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Сокинони чанд маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро кӯчондаанд, то зери сел намонанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:33 0:00
XS
SM
MD
LG