Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории миллии Ӯзбекистон қазоқиро омӯхт, ҳанӯз тоҷикиро намедонад


Хабаргузории миллии Ӯзбекистон сар аз 13 апрел ба нашри иттилои қазоқӣ шуруъ кард.

То ин замон хабаргузории ӮзА, бо 8 забон - ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ хабар нашр мекард.

"Дар робита ба эълом шудани соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон бори нахуст хабаргузории миллии кишвар саҳифаи қазоқӣ таъсис медиҳад", - иттилоъ дод хабаргузории ӮзА.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон дар Твиттер аз бозшавии саҳифаи қазоқӣ дар хабаргузории миллии Ӯзбекистон иттилоъ дод. "Хабаргузории миллии Ӯзбекистон дар робита ба соли Қазоқистон эълом шудани соли 2019 дар Ӯзбекистон, саҳифаи қазоқӣ боз кард. Талошҳои Элбасӣ Нурсултон Назарбоев ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин натиҷа ба бор оварданд", - навишт президенти Қазоқистон.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG