Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯрандагони дамхӯр (Дар ҳошияи як матлаби "Озодӣ")


Луқмон Бойматов

(Дар ҳошияи баҳси «Радиои Озодӣ» пиромуни «Ҷазираи Темурмалик ва таҷлили 800-мин солгарди воқеъаи Хуҷанд)

Дар таърихи 05 апрели соли «Радиои Озодӣ» гузориши оқои Маъсуми Муҳаммадраҷабро зери унвони «Темурмалик» рӯйи мавҷҳои рӯди Сир ба шино даромад» пахш намуд. Боиси шодкомист, ки ба ҳар сурат иддаъе аз соҳибкорони маҳаллӣ барои эҷоди фазои истроҳат ва муҳити гардишгарӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ёди қаҳрамони Темурмалик талошҳое меварзанд. Ва гузоришгар дар охари сухани хеш саъй дорад бо умедворӣ тухмаҳои умедро ба дили мардум бикорад. Вай навиштааст:

«Ҳамакнун ҳукумати Хуҷанд бо имконоти молие, ки дорад, барои бори нахуст тарабхонае ва маҷмааи сайёҳиву истироҳатиро ба номи Темурмалик ифтитоҳ кард ва номи ин муборизи халқи тоҷикро дар хотираҳо дигарбора зинда намуд.»

Бо камоли таассуф, дар гузориши мухбири «Радиои Озодӣ» баррасии лозим аз вуҷуди барномаи мушаххаси ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҷлили воқеъаи азими таърихӣ анҷом нашудааст. Бо ин ҳол, ин, гузориши мухтасар муфид аст, бахусус барои дарки бардоштҳо ва аксуамалҳои масъулин, олимон, мутахассисон аз вазъи ҳоким ва шароити имрӯзи кишвар.

Дар гузориши фавқ омадааст:

«Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабариаш моҳи июл гуфт, ин тасмим ниҳоӣ шудааст. Вале ӯ афзуд, ки барои гузоштани муҷассамаи Темурмалик дар ҷазираи Ёва, корҳои зиёди сохтмониро бояд анҷом дод. "Ҳоло ба он ҷазира ҳатто пули гузар нест. Мо ҳоло маблағ надорем. Вале амалӣ кардани ин тарҳ дар барномаи ҳукумати вилоят ва Хуҷанд ҳаст",- гуфт ӯ.»

Мусалламан, оптимизм хуб аст, вале агар он мантиқӣ ва бархоста аз роҳи хирад бошад, дар ғайри сурат, зиёнаш бештар аз судаш бувад. Ба ростӣ, аз барномае Ҳукумати шаҳр ва вилояти Суғд ҷиҳати эҷоди маҷмаъаи гардишгарӣ дар ҷазираи марбут ба корномаҳои таърихии Темурмалик надорам ва низ намедонам, ки чӣ нақшаҳое дар умқи сари масъули вилоят меҷӯшад ва маълум нест чӣ тарҳҳое дар рӯйи мизи кории эшон пиромуни қазияи таҷлили воқеъаи таърихӣ гузошта шудаанд?

Вале он чӣ медонам адами эҳтиром аз сӯйи масъулин аст. Бисёр бад аст, иқдомоти масъулин барои ободии макон бидуни машварат ва ширкати мардум сурат бигирад. Роҳе, ки пеш гирифта шудааст, роҳи мардумсолорӣ нест, балки роҳи мардумозорист!

Чаро бояд, асли барномаҳоеро, ки чанд соли қабл пешниҳод шудаанд, бо камоли беҳаёӣ нодида гирифт? Чаро бояд аз мушкилоти ҷузъӣ сахтиҳои аслро сохт? Чаро бояд мардумро гӯл зад? Ва ин ҳама театрбозӣ аз баҳри чист?

Магар дар барномаҳое, ки чандин бор пахш шуданд, роҳҳои ҳалли мушкилот ва эҷоди маҷмаъаи гардишгарӣ дар ҷазираи мазбур ироъа нашуда буданд, ки бори дигар таъкидҳои мукаррару ноҷо аз забони масъули аслӣ бар адами сармоя ва шароит мешавад?

Нек бояд донист, ки мушкилот дар сари пул ва ё адами сармоя нест. Мушкилот дар мағзи сари масъулин ва дар адами мудирияти нағзу корсоз дар ҷомеъа аст. Мағзи сари мудирон ё фалаҷ аст ва ё ин хӯрандагон аз роҳҳое дар назди хоҷагонашон дамхӯранд.

Борҳо таъкид шуда буд ва мешавад, Темурмалик қаҳрамони як маҳал нест, балки қаҳрамони таърих ва шахсест, ки номи худро дар сафҳаи таърихи башар мондагор кардааст. Ин гуна афрод дар таърихи миллӣ ангуштшуморанд. Он чӣ, ки ҳамакнун дар ҳаққи Темурмалик ва ёди неки хуҷандиёни қаҳрамони асри муғул мекунем, бо тамомии абъодаш тавҳин аст.

Зимнан, шоистагӣ ва ношоистагии таҷлили воқеъаи Хуҷанд ва шахсияти Темурмаликро бояд аз худ «Пешвои миллат», ки муаллифи силсилаҳои таърихномаҳост, пурсид! Таъаҷҷубовар аст, ки ҳокимон ва масъулини маҳаллӣ, агар худ шакке бар шахсияти таърихии Темурмалик ва корнамоиҳои хуҷандиён дошта бошанд, пас чаро ҳозир нестанд, аз худ Раиси Ҷумҳур бипурсанд, то чӣ ҳадд олимон дар назарашон иштибоҳ мекунанд?

Ангор, ки масъулин ё бар тавони худ бовар надоранд, ё бар дониши таърихии раиси ҷумҳур ва ба хатти пешвои худашон мутмаин нестанд, ё аҳли илмро дурӯғгӯ ва мардуми худро, ки бар дӯшашон саворанд, ба кулл аҳмақ мепиндоранд. Агар ин гуна нест, пас ба хотир ва аз чӣ сабаб тамомии нукоти барномаҳои пешниҳодӣ ҷиҳати тавсеъаи санъати гардишгарӣ ва фарҳангӣ ошкоро дар воситаҳои ахбори умум баррасӣ ва интиқод намешаванд? Магар олимон тарҳҳои мутлақо сиёсӣ пешниҳод кардаанд, ки ҷойи ҳарос пеш ояд? Масъулини маҳаллӣ аз чӣ метарсанд ва дар пеши чӣ касоне забонкӯтоҳанд?

Дар барномаи пешниҳодии нависандаи ин сутур роҳҳои ҳалли мушкилоти пешомада бо қазияи ободии ҷазираи Темурмалик ин гуна хулоса шуда буданд:

  • Эҷоди «Қутби гардишгарии Хуҷанд», яъне замони ободии ҳамон «Ҷазираи Темурмалик» саросари кишвар ба муддати беш аз даҳ сол ТАРҲИ МИЛЛӢ эълом гардад.
  • Эъломи тендер барои ширкатҳои санъати гардишгарии кишварҳои хориҷӣ ва озод намудани сармоягузори хориҷӣ аз ҳар навъ молиёт ба муддати даҳ сол.
  • Эъломи тендер барои соҳибкорони корофарин ва сармоягузорони дохилӣ ва озод намудани сармоягузорони маҳаллӣ аз ҳар навъ молиёт ба муддати бист сол.
  • Эъломи тендер барои эҷоди ҷойи кор дар бахши гардишгарӣ ва фарҳанг дар саросари кишвар.

(Р. к. муфассал ба: Қутби гардишгарии Хуҷанд. Дар сомонаи:

https://independent.academia.edu/%D0%9B%D1%83%D0%BA%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D0%91%D0%BE%D0%B9%D0%BC%D0%B0%D1%82%D0%BE%D0%B2

Лукмон(Lukman-لقمان) Бойматов (Boymatov-بایمت اف) - Academia.edu

independent.academia.edu/ЛукмонБойматов

Имтиёзе, ки мардум барои ҳокимонашон эҷод кардаанд, ин аст, ки масъулонашон ба ҳеҷ ваҷҳ посухгӯи аъмолашон назди ҷомеъа нестанд. Мардум намепурсад ва масъулин ҷавобгар нестанд. Ин ду омил ҳамеша дар чархиш аст, чархише, ки маънии зиндагиро барои ҳамагон хароб кардааст.

Дар воқеъ, чаро дар кишвар ҷойи кор барои ҷавонон эҷод намешавад? Ба чӣ иллат шароити муносиб бар рушди соҳибкории ватанӣ муҳайё намегардад? Чаро соҳибкорон аз меҳани худ рӯ ба фарор мениҳанд? Ба ин суолот чӣ касе ва ё чӣ гурӯҳе посухгӯ аст? Намояндагони мардум чашму зеҳни хешро бар куҷо дӯхтаанд?

Дар кишвар чӣ чизе ва ё чӣ қавонине намегузоранд, ки масъулин дар ироъаи пешниҳодҳояшон бимноканд ва ё чӣ чизе пеши онон ва виҷдонашон қарор дорад, ки на танҳо худ балки мардуми маҳрум ва заҳматкашони бонии ҳукуматро дар назди ҳокимонашон дамхӯр кардаанд?

Ин пурсишҳо солҳост, ки побарҷоанд, ангор ки онҳоро то абад дар санги тақдири миллат ҳакк карда бошанд!

Мабодо он рӯз, ки миллат гирифтори фориғболии хеш гардад!

XS
SM
MD
LG