Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси созмони хабарнигорони тоҷик дар Аврупо


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Имрӯз дар шаҳри Варшава пойтахти Лаҳистон «Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик» расман ба кор оғоз кардааст. Дар баёнияи расмии созмони навтаъсис, ки мудири иҷроияи он ва хабарнигори тоҷик Санҷар Ҳошимӣ ба расонаҳо фиристодааст, гуфта мешавад, “Талош барои таъмини озодии баён, ҳифзи ҳуқуқи журналистон, блогнигорон аз ҳадафҳои аслии кунгура ба ҳисоб мераванд. “

Дар баёния омадааст, Кунгура дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалии рӯзноманигорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар барои инкишофи маҳорати касбии рӯзноманигорону блогнависон ва боло бурдани маърифати расонаӣ дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.”

Ба қавли Санҷар Ҳошимӣ, созмонро барои он таъсис додаанд, ки “вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронкунанда шудааст ва расонаҳои мустақили миллӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, теъдоди чашмраси рӯзноманигору блогнависон ва рӯшанфикрони тоҷик аз кишвар берун рафтанд.”

Ба гуфтаи созмондиҳандагони кунгура онҳо қасд доранд, дар Душанбе ҳам намояндагӣ таъсис бидиҳанд ва умедворанд, бо кӯмаки хабарнигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба аҳдофи худ ноил гашта, “дар рушди журнализми тоҷик ва Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

XS
SM
MD
LG