Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳамкориҳояшро бо НАТО пурра қатъ кард


Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко 15 апрел гуфт, Москва ва НАТО ҳамкориро ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам шаҳрвандӣ қатъ карданд. Ӯ дар қатъи ҳамкориҳои низомӣ намояндаи эътилофро айбдор кард.

"Муносибатҳои имрӯзаи Русия ва НАТО вазъеро мемонад, ки дар пайи он НАТО ташкил шуда буд. Худи НАТО аз барномаҳои мусбат нисбат ба Русия даст кашид", - изҳор дошт Грушко.

Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии Русия, кишварҳои узви НАТО соли гузашта беш аз як триллион доллар харҷи низомӣ доштанд, ки 22 баробар бештар аз харҷи Русия аст. Вале Грушко афзуд, ки Русия қасди мусобиқаи таслиҳотиро бо НАТО надорад.

Дар мавриди эҳтимоли задухӯрди мусаллаҳона бо НАТО гуфт, "онҳое, ки ақли солим доранд, умедворанд, задухӯрд сурат нахоҳад гирифт. Зер он барои тамоми инсонҳо фоҷеа хоҳад буд. Бовар дорам, ҳам дар Вашингтон ва ҳам дар Брюссел инро дарк мекунанд", - илова кард ӯ.

Пештар намояндаи НАТО дар сард шудани муносибатҳои эътилоф бо Русия Кремлро айбдор карда, ба Москва пешниҳод кард, ки аз сиёсати "таҷовузкорона"-и худ даст кашад.

"Мо ҷанг намехоҳем. Мо мехоҳем, пешгирӣ кунем. Мо муҳосираи Русияро намехоҳем, мо мехоҳем, низоми ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Русия беҳтар кунем", - гуфта буд дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ибтидои моҳи апрел дар Конгресси ИМА.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG