Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамраъйии раҳбарони кишварҳои ҷаҳон бо мардуми Фаронса

o
o

Раҳбарони сиёсӣ ва калисоҳои католикии ҷаҳон дар робита ба сӯхтори калисои "Нотр Дам"-и шаҳри Порис ҳамраъйии худро бо мардуми Фаронса иброз доштанд.

Президенти Фаронса Эммануел Макрон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, сӯхтор дар калисоро зарар ба ҳамаи фаронсавиҳо номид.

"Бо ҳамаи католикҳо ва фаронсавиҳо ҳамдардем. Ин ҳодиса маро низ ба монанди тамоми ҳамватанон андуҳгин сохт", - гуфт Макрон. Ӯ афзуд, ки бозсозии калисо фавран оғоз хоҳад шуд.

Ватикан низ сӯхтор дар калисои Порисро "мудҳиш" номид:

"Дидани сӯхтори бузург дар калисои "Нотр Дам"-и Порис даҳшатнок аст. Бояд зуд амал кард!", - гуфт Трамп.

Президенти пешини ИМА Барак Обама низ дар Твиттер навишт:

"Notre Dame яке аз ганҷинаҳои бузурги ҷаҳонӣ аст. Мо ҳоло бо мардуми Фаронсаем, ки андуҳгинтарин лаҳзаҳоро паси сар мекунанд. Ин дар табиати мост, ки барои талафот ғӯса мехӯрем ва бо тамоми нирӯ аз даст рафтаҳоро барқарор мекунем".

XS
SM
MD
LG