Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Ким Чен Ин мумкин аст, охири моҳи ҷорӣ дар Владивосток мулоқот кунанд


Мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин мумкин аст, охири ҳафтаи оянда сурат гирад. Дар ин бора хабаргузории "Рёнхап"-и Куриёи Ҷанубӣ бо такя ба сарчашмаҳои худ иттилоъ дод.

Ҳамсуҳбати хабаргузории гуфтааст, Владимир Путин дар остонаи сафари Пекин, ки рӯзҳои 26-27 апрел дар назар аст, ба Владивосток хоҳад рафт. Интизор меравад, роҳбари Куриёи Шимолӣ ҳам ба Владивосток равад.

Хабаргузорӣ менависад, дар ин мулоқот мумкин аст, роҳбари Куриёи Шимолӣ барои фишор овардан ба Вашингтон аз Русия кумак дархост кунад. Пештар аз ин Ким Чен Ин гуфта буд, ки омода аст, бори севум бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот ва масъалаи барномаи ҳастаии кишварашро баррасӣ кунад. Аммо ин мулоқот танҳо баъди тағйир ёфтани мавқеи ИМА сурат хоҳад гирифт, гуфт Ким Чен Ин.

Ахиран Ким Чен Ин дар як суханрониаш дар Пхенян аз Трамп даъват кард, ки аз гуфтугӯҳои "сабки амрикоӣ"-ро даст кашад ва "талабҳои якҷониба" накунад.

Нахустин мулоқоти роҳбари ду давлат моҳи июни соли 2018 дар Сингапур баргузор шуд. Он мулоқот бо имзои санаде ба поён расид, ки Куриёи Шимолиро вазифадор мекард, дар ивази кафолати амниятӣ аз сӯи ИМА халъи силоҳи ҳастаӣ анҷом диҳад. Аммо баъдтар расонаҳо навиштанд, ки Куриёи Шимолӣ ба коркарди силоҳи ҳастаӣ идома медиҳад.

Дувумин мулоқоти роҳбари ду кишвар моҳи феврал дар Ветнам барпо шуд. Дар он мулоқот қатъи барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ дар ивази бекор кардани таҳримҳои амрикоӣ ба миён гузошта шуд. Мулоқот бидуни созиш ба поён расид.

Аммо Трамп мегӯяд, вай бо Ким Чен Ин робитаи хуб дорад ва умедвор аст, ки бо вай мешавад ба созиш расид.

XS
SM
MD
LG