Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Қатар дар бораи Афғонистон лағв шуд


Манобеъ дар ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки нишасти "байн-ул-афғонӣ" дар Қатар, лағв шудааст. Ба гуфтаи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ин нишаст аз сӯи ҳукумати Қатар лағв шудааст. Қарор буд ин ҳамоиш имрӯз, 19-уми апрел бо ширкати намояндагони Афғонистон ва гурӯҳи Толибон оғоз шуда, то рӯзи якшанбеи 21-уми апрел идома кунад.

Як манбаъ бинобар ҳассосияти мавзуъ, ки нахост номаш гирифта шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати Қатар як феҳристро барои ҳукумати Афғонистон фиристода буд, то онҳо бояд ба Қатар сафар кунанд. Пеш аз ин ҳукумати Афғонистон феҳристи 250-нафариро барои ширкат дар нишасти Қатар нашр кард, ки ба вокуниши Толибон рӯбарӯ шуда буд.

Ин манбаъ ҳамчунон афзуд, ки рӯзи гузашта ҳукумати Афғонистон аз Қатар хостааст, то ҳавопаймоашро барои интиқоли иштироккунандагони ин нишаст ба Кобул нафиристад. Ба гуфтаи манбаъ, феҳристи ироашудаи Қатар ба хотире мавриди қабули ҳукумати Афғонистон қарор нагирифтааст, ки таркиби қавмӣ, ҳизбӣ ва намояндагони ҳукуматӣ дар он маҳдуд будааст.

Дар ин феҳристи 250-нафарӣ намояндагони аҳзоби сиёсӣ, раҳбарони ҷиҳодӣ, хонаводаҳои қурбониён, Шӯрои олии сулҳ, донишмандон, намояндагони порлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, занон, ҷавонон, рӯзноманигорон, масъулини ҳукуматӣ ва бузургони қавмӣ, шомил буданд.

Як манбаи Толибон дар Қатар рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки эҳтимол дорад Толибон ин нишастро таҳрим кунанд. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки бо шумори каме аз раҳбарони қамвӣ ва шахсиятҳо дидор хоҳанд кард.

Манбаъ меафзояд, ки дар феҳристи фиристодашудаи ҳукумати Қатар, ҳамаи иштироккунандагони нишасти Маскав гунҷонида шуда ва танҳо 30 нафар аз феҳристи 250-нафарии ҳукумат пазируфта шудааст, ки дар он наздикони раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ шомил нестанд. Қарор буд ҳайати Афғонистон пас аз зӯҳри панҷшанбе ба Қатар равад.

Гурӯҳи Толибон қаблан гуфта буданд, ки баргузоркунандагони ин нишаст ин теъдод афродро аз сӯи ҳукумат нахоҳанд пазируфт ва на ҳам дар чунин нишастҳое ин гуна иштирок роиҷ мебошад. Толибон бо ишора ба макони баргузории нишаст гуфта буданд, ки "таҳиякунандагони феҳрист дар Кобул бояд дарк кунанд, ки ин як конфронси муназзам ва барномарезишуда дар як кишвари дурдасти халиҷӣ аст, на маросими арӯсӣ ё меҳмонӣ дар кадом толори Кобул".

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саъй дорад, то Толибонро ба музокирот бо ҳукумати Афғонистон моил кунад. Толибон ҳукуматро "дастнишонда"-и Ғарб номида ва то кунун аз гуфтугӯи мустақим бо он худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG