Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъоварии имзо барои поин овардани қимати Интернет


Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат кунанд.

Гуруҳе аз фаъолон, ки номаро таҳия кардаанд, аз тариқи Фейсбук аз хоҳишмандон хостанд, рӯзи 22-юми апрел ба назди Театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҷамъ оянд ва зери нома имзо гузоранд.

Дар давоми ду соат дар муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро навиштаанд. Коре, ки дар Тоҷикистон бисёр кам дида шудааст.

Муаллифони муроҷиатнома аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои беэътибор кардани қарор дар бораи нархи Интернет мусоидат кунад. Онҳо навиштаанд: "Боло бурдани нархи интернет истифодаи онро барои шаҳрвандони ҷомеа маҳдуд мекунад ва ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад."

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар муроҷиатнома аз зарурат ва аҳамияти Интернет дар зиндагӣ ёдрас шуда, далелҳоеро, ки мақомҳои расмӣ то имрӯз чун зарари Интернет номбар карданд, аз ҷумла зараровар будани Интернет ба сиҳатии инсонро "беасос ва хандаовар" хондаанд.

Ҳама зидди боло бурдани нархи Интернет аст.

Шаҳло Иброҳимова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ташаббускорони ин иқдом, рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳама зидди боло бурдани нархи Интернет ҳастанд. Мо медонем, ки бисёриҳо тавассути Интернет номаву норозигии худро баён карданд, аммо ин бор хостем имзоҳоро ҳузурӣ ҷамъ кунем ва ба президент дастрас намоем. То бубинанд, ки мардум зидди гароншавии нарх ҳастанд."

Сабабҳои ҷамъоварии имзо

Шаҳло Иброҳимова мегӯяд, умедвор аст, ки раиси ҷумҳур ба баҳси давомдори Интернет нуқта мегузорад. Ӯ гуфт, дар муроҷиатнома сабаби мухолифати мардум ба тасмими болоравии нархи интернетро таъкид кардаанд

“Сабабҳо зиёд аст. Масалан, донишҷӯён кори илмӣ менависанд, ё барои имтиҳон омода мешаванд, маводи заруриро дар як фурсати кӯтоҳ аз Интернет пайдо мекунанд. Ё занҳои хонашин бекор намемонанд ва пухтупаз карда, тавассути Интернет мефурӯшанду вазъи зиндагии худро беҳтар мекунанд. Бисёр оилаҳои камбизоат ва беморон тавассути Интернет кумак мегиранд”, - афзуд ӯ.

Бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ аз рӯзи 4-уми март қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ҳоло истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ аст.

"Акнун зиндагӣ сахт хоҳад шуд"

Дар нома ҳамчунин донишҷӯёни чандин донишгоҳҳо имзо гузоштаанд ва ба бовари ташаббускорон садҳо нафари дигар ҳам барои гузоштани дастхати худ алайҳи болоравии нархи интернет изҳори омодагӣ кардаанд.

Гурӯҳи ташаббускор бовар дорад, муроҷиатнома беш аз 3 ҳазор имзо ҷамъ хоҳад овард. Хушбахт Азизбеков яке аз даҳҳо фаъоли иҷтимоӣ аст, ки бо умеди шунида шудани садояш барои гузоштани имзо дар муроҷиатнома омада буд.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Интернет барои теъдоди зиёде дар Тоҷикистон, ба як воситаи даромад ва пешбурди зиндагӣ табдил ёфта буд. Худи Азизбек ҳам тавассути интернет тиҷораташро ба роҳ мондааст ва мегӯяд, гарон шудани арзиши истифода аз Интернет ӯро ҳам маҷбур мекунад, аз баҳри тиҷорат гузарад.

Акнун зиндагӣ ҳам сахт хоҳад шуд

“Ман фикр мекунам, ҳоло тамоми кори мардум тавассути Интернет аст. Ҳоло ин ҷо мардум 1200 сомонӣ маош мегиранд ва акнун зиндагӣ ҳам сахт хоҳад шуд. Умед мебандем, вазъ тағйир мекунад.”

Дар поёни номаи худ фаъолони ҷомеаи ҳамчунин аз “болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквориву дигар маводи мавриди ниёзи мардум” нигаронӣ карда, хостаанд ин масъала таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

То имрӯз мардуми зиёд, аз ҷумла созмонҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии худро нисбат ба ин қарор баён карда, хостори бекор кардани он шудаанд. Аммо то ин лаҳза ин ҳама натиҷае надодааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, баъди ҷамъоварии имзо муроҷиатномаро ба воситаи почта ба президент мефиристанд.

Нусхаи онро бо дасти худ ба дастгоҳ ҳам мерасонанд ва умедворанд, садояшонро мешунаванд. Аммо теъдоде, ки ҳам Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, гуфтанд, бовар надоранд, ки муроҷиати онҳоро ба инобат мегиранд.

Ба қавли яке аз онҳо, ин қадар сару садое, ки қимат шудани Интернет дар Тоҷикистон барангехт, “на фақат ба гӯши президент, балки ба гӯши Худо ҳам расид” ва агар раиси ҷумҳур мехост, иҷоза намедод, қарори баҳсбарангез баъди ин қадар мухолифату эътироз ҳукми иҷро гирад.

XS
SM
MD
LG