Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Индонезия беш аз 100 одам аз хастагӣ ҷон бохтанд


Дар Индонезия пас аз интихобот дасти кам 92 узви комиссияи марказии интихоботӣ ҷон бохта, 374 тани дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Ба иттилои хабаргузории Antara, 15 корманди пулис низ ба ҳалокат расидаанд.

Раиси Комисияи марказии интихоботии Индонезия Ориф Будиман гуфт, аъзои комисия барои он ба ҳалокат расиданд, ки соати корияшон беш аз як шабонарӯз давом кард. Маъмурони пулис дар натиҷаи хастагии аз ҳад зиёд ва садамаҳои нақлиётии марбут ба он ҷон додаанд.

Интихоботи 17 апрел дар Индонезия дастаҷамъонатарин маъракаи раъйгирии ҷаҳон дар солҳои ахир шумурда шуд. Сокинони ин кишвар дар баробари президент вакилони ду палатаи порлумонро низ интихоб карданд. Дар саросари Индонезия беш аз 800 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ ташкил шуда, аз 192 миллион нафар 80 дарсадашон иштирок кардаанд.

Ориф Будиман пешниҳод кард, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудаҳо ва осебдидаҳо дар ҳаҷми 16-36 миллион рупӣ (ҳудуди 13-25 ҳазор сомонӣ) ҷубронпулӣ дода шавад.

XS
SM
MD
LG