Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ин барои мулоқот бо Путин вориди Русия шуд


Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, як рӯз пеш аз вохӯриаш бо президенти Русия Владимир Путин бо қатор (поезд) ба Владивосток, шаҳри бандарии Шарқи Дури Русия, рафтааст.

Рӯзи 24-уми апрел, ҳангоме ки Ким аз назди истгоҳи Хасан дар сарҳад мегузашт, ӯро гурӯҳи духтарон либоси маҳаллии русӣ ба бар бо нону намак ва гулдаста пешвоз гирифтанд.

Хабаргузории “Интерфакс” гузориш дод, дар ҳайати расмии Русия, ки Кимро дар Хасан пешвоз гирифт, Игор Моргулов – ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ, Александр Мотсега – сафири Русия дар Кореяи Шимолӣ, Александр Козлов – вазири рушди иқтисодии Шарқи Дур ва манотиқи яхбастаи Шимолӣ ва Олег Кожемяко – фармондори вилояти Приморе буданд.

Хадамоти матбуотии мақомоти Приморе ба нақл аз Ким мегӯяд, вай “хеле вақт боз” мехост ба Русия сафар кунад.

“Ҳафт сол мегузарад, аз замоне ки ман роҳбарии кишварро ба даст гирифтам, аммо то ба ҳол фурсате надоштам, ки Русияро бинам” , - навиштааст хадамоти матбуотӣ ба нақл аз Ким Чен Ин.

Ким аз пойтахти Кореяи Шимолӣ, Пхенян, ҳамроҳи ҳайати давлат ва мансабдорони нирӯҳои мусаллаҳ бо як қатори зиреҳпӯшидаи шахсӣ ба сафари наздик ба 700-километрӣ ба Владивосток омад.

Бино ба хабарҳо, Ким Чен Ин дар Хасан аз Хонаи дӯстии Русияву Кореяи Шимолӣ, ки бо номи "хонаи Ким Ир Сен" маъруф аст, боздид кард. Ин хона соли 1986 дар остонаи сафари падари ӯ ба Русия бунёд шуда буд. Сипас қатораи раҳбари Кореяи Шимолӣ озими Владивосток шуда, 25 апрел бо Путин мулоқот хоҳад кард.

Қарор аст, раҳбарони Русия ва Куриёи Шимолӣ нахуст мулоқоти як ба як анҷом дода, сипас гуфтугӯи ҳайатҳои ду ҷониб баргузор хоҳад шуд.

Ким аз пойтахти Кореяи Шимолӣ, Пхенян, ҳамроҳи ҳайати давлат ва мансабдорони нирӯҳои мусаллаҳ бо як қатори зиреҳпӯшидаи шахсӣ ба сафари наздик ба 700-километрӣ ба Владивосток омад.

Гузоришҳои видеоӣ

Чӣ гуна афғонҳо Бритониёро шикаст доданд ва соҳибистиқлол шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
XS
SM
MD
LG