Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Аврупо ба Амрико дар бораи нафти Эрон


Кохи Сафед, ки қаблан ҳашт кишвари ҷаҳонро ба муддати 6 моҳ аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон озод ё муоф карда буд, аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор додааст, ки тамдид накардани ин муқаррарот аз сӯи Амрико, созиши ҳастаӣ бо Теҳронро ба хатар рӯбарӯ мекунад. Ҳамзамон Чин низ Амрикоро ба иҷрои "нақши вайронгар" дар Ховари Миёна ва бозори энержӣ муттаҳам кардааст.

Қабл аз ин Туркия низ ба тасмими Амрико эътироз карда буд. Аммо Исроил ва Арабистони Саудӣ ба истиқболи он шитофтанд.

Амрико рӯзи душанбе эълом кард, ки қарори худ дар мавриди озод будани ҳашт кишвари харидори нафти Эрон аз таҳримҳоро тамдид нахоҳад кард. Ин ҳашт кишвар - Чин, Ҳинд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Италия, Юнон ва Тайван аз тирамоҳи соли гузашта метавонистанд ба таври муваққатӣ аз Эрон нафту газ ворид кунанд. Аммо ин кишварҳо ҳоло танҳо то рӯзи 2-юми май фурсат доранд, ки аз Эронро нафт бихаранд.

Сухангӯи Комиссияи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбеи 23-юми апрел дар ин бора ба хабарнигорон гуфт, "мо аз тасмими дирӯзаи Амрико мутаассифем. Ин амр бештар аз гузашта созиши ҳастаиро ба хатар меандозад". Вай сипас ба пойбандии Иттиҳодияи Аврупо ба созиши ҳастаӣ таъкид кард ва хостори он шуд, ки Эрон низ ҳамчунин ин созишро ба таври комил риоят кунад.

Аз ҳашт кишваре, ки метавонистанд аз Эрон нафт бихаранд, панҷ кишвар -- Юнон, Италия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайван хариди онро дар моҳҳои ахир ба таври чашмрас коҳиш додаанд.

Дар ин миён Чин, ки бузургтарин муштарии нафти Эрон ба шумор меравад, вокуниши сахте ба тасмими Амрико нишон додааст. Генг Шуанг, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин таъкид дошт, ки Пекин дар баробари таҳримҳои якҷонибае, ки Амрико алайҳи кишварҳои дигар ҷорӣ мекунад, меистад.

Вай сипас гуфт, "ин тасмими Амрико ба бесуботӣ дар Ховари Миёна ва бозори байналмилалии энержӣ доман мезанад. Мо аз Амрико мехоҳем, ки масъулона амал кунад ва нақши созанда дошта бошад, на баръакс".

Ба гуфтаи оқои Шуанг, Чин қаблан норизоятии худро аз тасмими Амрико ба иттилои мақомоти ин кишвар расонидааст ва ҳамкориҳои энержии Пекин ва Теҳрон як ҳамкории "оддӣ" ва "қонунӣ" аст, ҳамон гуна, ки бо дигар кишварҳо низ чунин ҳамкорӣ дорад ва бояд ба он эҳтиром гузошт.

Ин мақоми давлати Чин дар идома ба Амрико ҳушдор дод, ки ба манфиатҳои Чин эҳтиром бигузорад ва ҳеҷ иқдоме накунад, ки алайҳи манфиатҳои ин кишвар бошад. Ин мақоми вазорати умури хориҷии Чин таъкид кард, ки Пекин ба талошҳои худ барои ҳимоя аз ҳуқуқи қонунии ширкатҳои чинӣ идома хоҳад дод.

Чин соли гузашта 29,2 миллион тонна нафти хом аз Эрон ворид мекард, ки ба таври рӯзона ҳудуди 585 ҳазору 400 бушка мешавад. Ба ибораи дигар, Эрон шаш дарсади нафти воридории Чинро таъмин мекунад.

Қабл аз ин Туркия низ ба тасмими Амрико эътироз карда буд. Аммо Исроил ва Арабистони Саудӣ ба истиқболи он шитофтанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG