Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA интихоб шуд


Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, президенти нави Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Ин маросим рӯзи 24-уми апрел дар Душанбе баргузор гардид.

Муовинони ӯ дар ин мақом Достонбек Конокбоев аз Қирғизистон ва Арслон Ойназаров аз Туркманистон ҳастанд. Акнун қароргоҳи Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ аз шаҳри Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон мекӯчад.

Ба ҳайати нави кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз президенти CAFA ва муовинонаш, иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Федератсияи футболи Афғонистон Шабоб Фозил Муҳаммад дохил шуд. Боз ду узви кумитаи иҷроияи CAFA бояд аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Узбекистон ва Федератсияи футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод карда шаванд.

Ҳамчунин дар Конгресси CAFA номзадии президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Канатбек Маматов ба ҳайси узви кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё пешбарӣ шуд.

Дар кори Конгресси CAFA дар Душанбе роҳбарон ва вакилони Федератсияҳои футболи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, инчунин намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё ширкат доштанд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.

Гузоришҳои видеоӣ

"Толиби амрикоӣ" озод мешавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG