Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони украинӣ мақоми забони давлатиро мегирад


Порлумони Украина қонунеро тасвиб кард, ки ба гуфтаи муаллифонаш мақоми забони украиниро ҳамчун забони расмии давлатӣ таъйин мекунад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, ки муҳлати раёсати ҷумҳуриаш моҳи июн ба поён мерасад, гуфтааст, ки то он замон қонуни мазкурро имзо мекунад.

Дар қонун омадааст, ки ягона забони расмии давлатӣ дар Украина забони украинӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси ин санад, ҳаргуна талоши пешниҳод кардани забонҳои дигар ба мақоми забони расмии давлатӣ “амалкард бо ҳадафи тағйири низоми конститутсионӣ аз роҳи зӯрӣ” шумурда мешавад.

Қонун дар бораи забони давлатӣ дар Украина ҳамчунин муқаррар кардааст, ки нисфе аз маводи телевизионҳои давлатӣ ва хусусӣ ва нисфи матну гузоришшҳои расонаҳои чопӣ бояд ба забони украинӣ бошанд.

Бар асоси ин қонун бояд тамоми мансабдорони Украина аз ҷумла раиси ҷумҳур ва раиси порлумону, вакилону вазирон, додситон ва дигар мақомоти баландпоя забони украиниро хуб донанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 23-уми майи соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG