Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба нархи нави ҳаҷ ризоият дод


Нархи имсолаи сафар аз Тоҷикистон ба ҳаҷ маълум шуд. Бино ба хабари Кумитаи дини Тоҷикистон, нархи имсолаи зиёрати ҳаҷ беш аз 35 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 3700 доллари амрикоист. Ин нарх бо ҳисоби сомонӣ дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ бештар аст, аммо дар муқоиса ба нархи доллар тақрибан 40 доллар камтар аст.

Мақомоти Кумитаи дин рӯзи 25-уми апрел гуфтанд, ин нарх бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мувофиқа шудааст ва ба он билети рафту баргашт, будубош дар Маккаву Мадина ва пули гӯсфанди қурбонӣ дохил аст.

Дар охири эъломияи Кумитаи дин таъкид шудааст, ки довталабони зиёрати ҳаҷ бояд пули сафарро дар нуқтаҳои “Ориёнбонк” пардозанд, аммо далелашро шарҳ надодаанд.

“Ориёнбонк” ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон мутааллиқ аст. Зарина Раҳмон, духтари президенти Тоҷикистон муовини раиси ин бонк аст.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд. Ҳаҷ барои ҳар мусалмон, дар сурати доштани пулу тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори чаҳор соли пеши мақомот, танҳо афроди аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадинаро доранд.

XS
SM
MD
LG