Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров: "Пойро мувофиқ ба кӯрпаамон дароз кунем". САДО


Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз боло бурдани нархи обу барқ ва Интернет дар кишвар ба шиддат интиқод кард.

Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 26-уми апрел дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, ҳар тасмиме, ки ба будҷаи оилаҳо рабт мегирад, мушкилзо аст ва мақомот бояд ҳафт бор чен кардаву як бор бибуранд.

"Мо бояд пойи худро мувофиқи кӯрпаи доштаамон дароз кунем. Агар кӯрпа кӯтоҳ аст, бояд пойро кашӣ. Тасмими охир дар бораи боло бурдани нархи Интернет боис ба гапу калоча шуд. Қариб, ки мардумро ба ғулғула андохта будем. Барои сокинони минтақаҳои наздимарзӣ аз Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистон халта-халта симкорт оварда мефурӯхтанд. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дошт? Ин пули мардум аст, сад сомонӣ ҳам зиёд шавад, пул аст. Баъзеҳо шароит надоранд", -- хулоса кард ӯ.

Раиси порлумон: "Мо мардумро қариб ба ғулғула андохтем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим

Изҳороти Шукурҷон Зуҳуров баъди се рӯзи бекор шудани қарори афзоиши нархи Интернет садо дод.

Ҳарчанд ин мавзуъ моҳҳо боз дар маҳфили хосу ом ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешуд, порлумон ба ин масъала ҳеч вақт дахл накард. Танҳо чанд вакили Маҷлиси Намояндагон дар алоҳидагӣ назари худро баён карда буданд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, ҳоло ки қарори боло бурдани нархи Интернет бекор шудааст, нигаронии вакилони Маҷлис таъсир надорад. Муҳаммад, як сокини пойтахт мегӯяд, "бояд онҳо дар гармии баҳс ба масъалаҳои муҳим дахл карда, посухи суолҳоро аз мақомот пурсанд. Аммо коре намекунанд. Ҳоло ки баҳси нархи Интернет аз байн рафтааст, нигаронии онҳо ҳеч маъно надорад."

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз манбаъҳои нави пур кардани будҷаи давлатиро ҷустуҷӯ доранд. Онҳо соли гузашта кӯшиш карданд, ки нархи симкортҳоро то 250 сомонӣ боло баранд, аммо дар пайи норизигиҳои мардум ин қарор амалӣ нашуд.

Дертар мақомот гуфтанд, симкортҳо танҳо бо шиносномаҳои нави дохилӣ фурӯхта ва аз як ном ба номи дигар гузаронда шавад. Қимати шиносномаҳои пластикӣ даҳ доллари амрикоист.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон моҳи марти имсол қарор кард, ки нархи Интернет боло бурда шавад. Ин тасмим низ бо вокунишҳои тунди мардум рӯбарӯ шуд ва раиси ҷумҳур онро баъди чанд рӯзи ба иҷро даромаданаш боздошт.

Қаблан мақомот нархи об ва барқро боло бурда буданд. Ҳукумати Тоҷикистон дар як барномаи наҷоти ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтааст, нархи барқ то соли 2021 ҳар сол 15-дарсадӣ ва аз соли 2022 то 2024 ҳар сол 8-дарсадӣ боло бурда хоҳад шуд.

Сокинон аз камбуди ҷойи кор ва маоши кам дар кишвар шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, харҷи мардум аз даромадашон аст ва бояд мақомот дар боло бурдани нархҳо бо кишварҳои пешрафта вориди "рақобат" нашаванд.

XS
SM
MD
LG