Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз зоҳир шудани Ал-Бағдодӣ... ИМА раҳбарони "ДИИШ"-ро таҳдид кард


Раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ дар як навори видеоии 18-дақиқаӣ зоҳир шудааст.

Ин навор рӯзи 29-уми апрел аз сӯи шабакаи хабарии "Ал-Фурқон" вобаста ба ин гурӯҳ ба нашр расидааст ва дар сурати дурустӣ, он нахустин тасвир ё навори раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар панҷ соли ахир ба шумор меравад.

Пас аз интишори навор, як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки мубориза бо ин гурӯҳ идома хоҳад дошт ва раҳбарони он ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд.

Аз замони таъсиси гуруҳи ДИИШ дар Сурияву Ироқ дар 2014 тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ду кишвар рафта, ба сафи гурӯҳи мазкур пайвастанд.

Ин сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ин замина гуфтааст, нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико "ба ҷанги худ бо ҷангҷӯёни ДИИШ дар саросари ҷаҳон идома медиҳад." Ӯ афзудааст, мубориза то замоне идома хоҳад кард, ки "террористҳо ба таври комил шикаст хӯрда, раҳбарони онҳо ба панҷаи адолат супурда шаванд, то ба сазои аъмолашон бирасанд".

Ин сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико афзудааст, гурӯҳи "Давлати исломӣ" то ба ҳол зарбаҳои сахте хӯрдааст. Ба гуфтаи вай, аз даст додани қаламравҳо дар Ироқ ва Сурия, зарбаи стратегиву равонӣ ва шикасти сахт барои ин гурӯҳ буд.

Абубакр Ал-Бағдодӣ дар соли 2014 хилофати зери раҳбариашро эълон кард.
Абубакр Ал-Бағдодӣ дар соли 2014 хилофати зери раҳбариашро эълон кард.

Абубакр Ал-Бағдодӣ панҷ сол пеш дар "Масҷиди Нур" дар шаҳри Мавсили Ироқ хилофати худро эълон кард ва наворҳое аз он маросим нашр шуд. Аз он вақт то ба ҳол акс ё навори видеоии дигаре аз ӯ мунташир нашуда буд.

Дар видеои наве, ки ба Абубакр Ал-Бағдодӣ нисбат дода мешавад, вай аз ҳамлаҳои ахир ба се калисо дар Шри-Ланка ситоиш карда ва гуфтааст, ин ҳамлаҳо интиқоми даргириҳои Боғузи Сурия мебошад. Минтақаи Боғуз дар ҷануби Сурия охирин нуқтаи даргирӣ байни боқимондаҳои ДИИШ ва нерӯҳои мавриди ҳимояти Амрико буд ва дар рӯзи 22-юми март эълон шуд, ки даргириҳо дар ин маҳал поён рафт.

Дар пайи ҳамлаҳо ба се калисо ва чанд меҳмонхона дар ду шаҳри Шри-Ланка, ҳадди ақал 253 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомҳои ин кишвар, ҳамлаҳо аз сӯи яке аз гурӯҳҳои ифротгаро дар ин кишвар анҷом шудааст.

Амрико барои маълумоте, ки боиси пайдо кардани Абубакр Ал-Бағдодӣ шавад, 25 миллион доллар ҷоиза таъйн кардааст. Солҳои гузашта чандин бор хабар кушта ё захмӣ шудани раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" нашр шуда буд. Кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои байналмилалӣ гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор додаанд

Дар ҳамлаҳои Шри-Ланка беш аз 250 нафар кушта шуданд.
Дар ҳамлаҳои Шри-Ланка беш аз 250 нафар кушта шуданд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 тавонист бахшҳои калоне аз Сурия ва шимоли Ироқро ба тасарруфи худ дароварад. Ин гурӯҳ дар панҷ соли ахир ҳазорон танро дар Ироқ, Сурия ва бархе дигар кишварҳо ба қатл расонд ва ҳамчунин ҳазорон танро ба асорат гирифт ва осори фарҳангиро вайрон намуд.

Аз замони таъсиси гуруҳи ДИИШ дар Сурияву Ироқ дар 2014 тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ду кишвар рафта ба сафи гурӯҳи мазкур ва дигар созмонҳо тундрав пайвастаанд. Даҳҳо нафари дигар барои қасди пайвастан ба ин гурӯҳ ё бо анҷоми амали террористӣ бо супориши ҷангҷӯён аз хоки Сурия ва Ироқ боздошту зиндонӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди ин тамоюли нигаронкунанда ба ташвиқу тарғиб оғоз карда, маҳалла ба маҳҳала мегаштанд ва аз мардум мехостанд, муроқиби фарзандонашон бошанд, то ба чунин гуруҳҳо напайванданд.

XS
SM
MD
LG