Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади подполковники узбекро дар ҷои кор овезон пайдо карданд


Ҷасади подполковник Асомхоҷа Аброровро, ки дар маҳбаси сукунатии ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд кор мекард, шаби 26 ба 27-уми апрел дар ҳуҷраи корияш овезон пайдо карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Узбекистон, ҳодиса ҳамчун худкушӣ таҳқиқ мешавад. Наздикони Аброров гуфтанд, мақомот ҷасади ӯро 28-уми апрел пас аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ба онҳо супурдаанд.

Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки дар робита ба ҳодисаи худкушии Аброров тафтишот оғоз шудааст. Яке аз наздикони Аброров мегӯяд, намояндагони ВКД Узбекистон ҳангоми супурдани ҷасад гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи афсурдагӣ худкушӣ кардааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Аброров як моҳ пеш аз мақоми муовинии сардори пулиси шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканд барканор ва барои кор ба маҳбаси Зангиота фиристода шуд. Ӯ аз ин кор норозӣ будааст.

Як корманди маҳбаси Зангиота гуфт, подполковник дар натиҷаи хастагии аз ҳад зиёд ва афсурдагӣ худкушӣ кардааст. "Дар ҷои кор фишор хеле зиёд аст. Бар асоси қонунгузорӣ, дар ҳафта бояд панҷ рӯз 8-соатӣ кор кунем. Вале мо дар як рӯз то 18 соат кор мекунем", - афзуд ӯ.

Намояндаи шуъбаи кадрҳои ВКД Узбекистон низ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат афсарони онҳо бидуни истироҳат кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG