Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи ҳавопаймоҳои Туркманистон ба Аврупо дубора боз шуд


Ширкати миллии ҳавопаймоии Туркманистон (Туркменховаёлларӣ) эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳои он дар масири Ишқобод-Франкфурт, Ишқобод-Лондон ва Ишқобод-Бирмингем аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ба огаҳии сомонаи ширкат, парвози ҳавопаймоҳо дар масирҳои мазкур аз 1 июни имсол дубора оғоз мешавад.

Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати "Туркменҳовайолларӣ"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. Вале гуфта нашуд, ки ширкат чӣ меъёрро вайрон кард.

"Туркменховаёлларӣ" миёнаҳои моҳи феврал барои бартараф кардани мушкилиҳо ва мутобиқсозии худ ба меъёрҳои байналмилалии амнияти ҳавоӣ аз ширкати "Lufthansa Consulting" кумак хост.

"Чанде пеш "Туркменховаёлларӣ" дар робита ба иҷрои талаботи Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) бо мушкил рӯбарӯ шуд. Ширкат камбудҳои худро эътироф мекунад ва ҳоло тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо коршиносони олмонӣ онҳоро бартараф кунад", - омада буд дар изҳороти муштараки "Туркменховаёлларӣ" ва "LufthansaConsulting" аз 13 феврал.

Ба огаҳии сомонаи расмии "Туркменховаёлларӣ", ҳавопаймоҳои ин ширкат дар дохили Туркманистон рӯзона то 5 ҳазор мусофирро интиқол дода, дар як сол дар масирҳои дохиливу минтақавӣ ба ҳудуди 3 миллион нафар хидмат мерасонанд.

XS
SM
MD
LG