Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуруҳи вижа бозкушоии дари беш аз 500 масҷидро баррасӣ дорад"


Мумкин аст, дар Тоҷикистон ба беш аз 500 масҷид иҷозаи дубораи фаъолият дода шавад. Қаблан, бо баҳонаи надоштани санади расмӣ, ба дари ин масҷидҳо қуфл зада буданд ё ба чойхонаву коргоҳи дӯзандагӣ табдил доданд.

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 4 май тасдиқ карданд, ки ҳоло як гуруҳи вижа «масъаларо таҳқиқ дорад», вале ҷузъиёти бештар надоданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия гуфт, таҳияи рӯйхати масҷидҳое, ки бояд иҷозаи дубораи фаъолият ба даст оранд, аз соли гузашта идома дорад. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, «ҳукумат низ дар ин бора ризоят додааст».

«Муроҷиат зиёд шуд, ки дар як деҳаи калон масҷид нест ва, барои мисол, чаҳор пирамард даҳ киломтер роҳро тай карда, ба деҳаи ҳамсоя ба намози ҷумъа мераванд. Мақомот ба хулоса расиданд, ки дар чунин деҳаҳо бояд масҷидҳо фаъол карда шаванд», -- афзуд ӯ.

Аммо кай ва чигуна ин иқдом татбиқ хоҳад шуд, маълум нест. Мақомот низ тасмими худро пурра шарҳ надодаанд.

Соли гузашта ба тақрибан сад масҷид дар шаҳри Ваҳдат иҷозаи дубораи фаъолият дода шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эҳтимоли бозкушоии дари тақрибан 600 масҷид ибрози умед кардаанд.

Хабаргузории «Азия-Плюс» менависад, соли 2017 дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 1 ҳазору 700 масҷид қатъ шудааст. Соли 2018 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 120 масҷиду мадраса ба бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо табдил ёфтаанд.

Дар гузашта мақомоти Кумитаи дин дар гузоришҳои худ мегуфтанд, ки дар кишвар 4 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад.

Моҳи апрели имсол дар мусоҳибаи худ бо «Садои мардум», нашрияи порлумонӣ, Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин гуфт, «айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3800 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд.»

XS
SM
MD
LG