Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ширкат баста будани Google-ро дар Тоҷикистон тасдиқ кард


Як ширкати фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастнорас будани хадамоти Google ва баъзе аз шабакаҳои иҷтимоиро дар кишвар расман тасдиқ кард ва аз муштариёни худ узр хост.

Ширкати “Интерком” 2 май дар изҳороте навишт, ки дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯгари Google ва баъзе аз мессенҷерҳо масдуд аст. Аммо ширкат гуфтааст, сабаби дастнорас будани хадамоти Google ва паёмрасонҳо аз онҳо вобаста нест.

“Дар баъзе аз дастгоҳҳо, мумкин аст, аломати “интернет нест” пайдо шавад, аммо интернет кор мекунад. Вале дастрасӣ ба хадамоти Гугл нест”, -- гуфтанд дар ширкат.

Солҳои охир масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон маъмул буд. Аммо тайи як ҳафтаи охир бозори замимаҳои интернетии “Play market” ва “App store” ва хадамоти Google (ҷустуҷӯгар, имейл ва тарҷумон) низ дар Тоҷикистон баста шудаанд.

Ҳарчанд чунин рафтори мақомот боис ба нигаронӣ шуда, сулҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, онҳо расман далели кори худро шарҳ надодаанд. Баъзеҳо тахмин мезананд, ки шояд Тоҷикистон ба пайравӣ аз Русия хадамоти Гуглро бастааст. Бархеи дигар мегӯянд, шояд Душанбе аз ин ширкат андоз ситонданист.

Вале муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев охири ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, “шояд мушкили техникӣ аз берун аст”. Ҷавобе, ки бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG