Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон: "Ирсоли ду нови ҷангӣ ба минтақа паёми рӯшан ба Эрон аст"


Мушовири амнияти миллии Амрико мегӯяд, кишвараш барои ин, ки паёми "рӯшан"-е ба Эрон дода бошад, тавонии низомӣ ва ҳуҷумии худро дар минтақаи Ховари Миёна афзоиш медиҳад. Ҷон Болтон гуфтааст, Амрико дар пайи ҷанг бо Эрон нест, аммо иқдоми низомии Эрон бо вокуниш рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ҷон Болтон рӯзи якшанбеи 5-уми май эълон кард, ки Амрико ду нови ҷангиро (киштии ҳавопаймобар) ба Ховари Миёна мефиристад, то паёми "рӯшан" ба Эрон дода бошад. Ба гуфтаи Ҷон Болтон, ин иқдом "дар вокуниш ба шуморе аз ҳушдорҳо" аз сӯи Эрон сурат мегирад. Ин ду нови ҷангии Амрико тобеи Ситоди фармондеҳии марказии Амрико мебошанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба қарор гирифтани Сипоҳи посдорон дар феҳристи "созмонҳои террористӣ"-и Амрико, гуфтааст, ки Ситоди фармондеҳии марказии Амрикоро "террористӣ" медонад. Фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон чанд ҳафта қабл гуфта буд, "нерӯҳои Амрико дигар оромиши имрӯзро нахоҳанд дошт".

Ҷон Болтон.
Ҷон Болтон.

Пештар фармондеҳи Ситоди фармондеҳии марказии Амрико мустақар дар Ховари Миёна гуфта буд, ҳама имкониятҳои даркорӣ барои муқобила бо хатарҳои эҳтимолии Эрон дар минтақаро дар ихтиёр дорад. Мақомҳои низомӣ ва сиёсии Эрон дар ҳафтаи гузашта ҳушдорҳои дигареро низ матраҳ карданд. Аз ҷумла, онҳо гуфтанд, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро мебанданд.

Ҷон Болтон мегӯяд, афзоиши қобили таваҷҷуҳи тавони низомии Амрико дар минтақа паёми рӯшан барои Эрон аст, ки ҳар гуна ҳамла ба манофеи Амрико ё муттаҳидонаш, бо вокуниши тунд рӯбарӯ хоҳад шуд. Мушовири амнияти миллии Доналд Трамп афзудааст, "Амрико дар пайи ҷанг бо Эрон нест, аммо дар ҳолати омодабоши комил қарор дорад, то ба ҳар ҳамла вокуниш нишон диҳад".

Баёнияи мушовири амнияти миллии Амрико дар ҳоле нашр шуд, ки танишҳо байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Амрико боло гирифтааст. Амрико мегӯяд, барои "тағйири рафтор"-и Теҳрон, ба маъракае рӯ овардааст, то ҳарчӣ бештар ба Эрон фишор биорад. Дар чаҳорчӯбаи ин тасмимҳо, Амрико таҳримҳои нав алайҳи Эрон ҷорӣ кард ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро "созмони террористӣ" эълон намуд.

Мақомҳои ҳукумати Трамп таъкид доранд, ки Эрон "муҳимтарин" омили бесуботӣ, таниш ва бӯҳрон дар Ховари Миёна аст. Онҳо айни замон мегӯянд, ки аз муттаҳидони худ дар минтақа дифоъ хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ахиран дар чандин мусоҳиба ва гуфтугӯ бо расонаҳо дар Амрико, изҳор кардааст, ки гурӯҳе иборат аз Ҷон Болтон ва ё Бенямин Нетеняҳу, нахуствазири Исроил, дар талош ҳастанд, то бо танишҳо байни Теҳрон ва Вашингтон доман бизананд ва Трампро "бар хилофи хостааш ба сӯи ҷанг бо Эрон бибаранд". Болтон дар вокуниш ба ин изҳорот, онро "комилан хандадор" ва "таблиғоти ба диққат таҳияшуда аз сӯи эрониҳо", хондааст.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.

Ҷон Болтон пеш аз он, ки мушовири амнияти раиси ҷумҳури Амрико шавад, дар чандин мусоҳиба ва мақола аз зарурати "тағйири режим" дар Эрон ва ҳамла ба муассисаҳо ё пойгоҳҳои атомии Эрон сухан гуфта буд. Бинобар мавқифгириҳои сахти ӯ дар баробари Теҳрон, интихоби ӯ ба унвони мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико, ин гумонҳоро афзоиш дод, ки фишорҳо алайҳи Эрон бештар хоҳад шуд.

Болтон соли гузашта гуфта буд, тағйири режими Эрон дар ҳоли ҳозир "дар дастури кори ҳукумати Трамп нест". Мушовири амнияти миллии Трамп рӯзи 21-уми апрел дар "Твиттер"-и худ навишт, "ҳукумати Эрон бояд дарк кунад, ки ё ҳамин ҳоло тағйири рафтор бидиҳад ё ҳамчунон баҳои рафтори вайронкоронаашро бипардозад, ки дар ин сурат фақат ба мардуми Эрон осеб мезанад".

Теҳрон иттиҳомҳои Амрико дар мавриди дахолат дар минтақаро радд кардааст. Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, сиёсатҳои феълии Амрико "маҳкум ба шикаст аст". Теҳрон ҳанӯз ба суханони ахири Ҷон Болтон вокунише нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG