Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод "шикор"-и мошинҳои сиёҳ қатъ шудааст


Пулиси шаҳри Ишқобод боздошт ва ҷаримаи ронандагони мошинҳои сиёҳро қатъ кардааст. Чандин манбаъ гуфтанд, ки қарори манъи истифодаи мошинҳои ғайрисафед барои сокинони пойтахти Туркманистон бекор карда шуд.

"Аз ибтидои ҳафтаи гузашта боздошт ва ба ҷаримагоҳ бурдани мошинҳое, ки рангашон сафед нест, қатъ шудааст. Ҳоло танҳо барои санҷиши ҳуҷҷатҳо боз медоранд", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 5 май.

Дар Туркманистон беш аз як сол буд, ки истифодаи мошинҳои ғайрисафед барои сокинон манъ гашта буд. Нозирони роҳ бо истинод ба дастури шифоҳии раҳбарияти худ ронандагони чунин мошинҳоро боз дошта, ҷарима мекарданд.

Ба гуфтаи хабарнигори мо, аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Туркманистон мошинҳои дорои ранги ғайрисафед пайдо шудаанд.

"Хабар хеле тез ба воситаи телефон ва паёмакрасонҳо паҳн шуд. Манъи истифодаи мошинҳои ғайрисафед яке аз мавзуъҳои доғ дар ҷомеа буд", - мегӯяд хабарнигор.

Талошҳо барои дарёфти назари мақомот дар ин замина бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG