Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳомии қазоқтаборон" як моҳи дигар дар ҳабси хонагӣ мемонад


Серикҷон Билаш.
Серикҷон Билаш.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 5-уми май додгоҳе ҳабси хонагии роҳбари созмони сабтиномнашудаи "Атажурт ериктилерӣ" Серикҷон Билашро, ки ҳомии ҳуқуқи қазоқтаборон ҳам ном бурда мешавад, то 10 июн тамдид кард.

Айман Умарова, вакили мудофеи Серикҷон аз додгоҳ хост, ки ӯро аз Нурсултон ба Алмато фиристад ва вай ҳабси хонагиро дар маҳалли зисташ пушти сар кунад.

Серикҷон Билаш дар додгоҳ гуфт, ки баъди интиқол ёфтанаш ба Нурсултон ба вай фишор овардаанд, ки зидди сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов изҳорот диҳад ва аз хизмати вакили мудофеъ Аймар Умарова даст кашад. Билаш мегӯяд, парвандааш сиёсӣ аст.

Серикҷон Билаш дар "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор мешавад. Билаш - қазоқтаборест, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯч бастааст.

Билаш дар гузашта гуфта буд, ки бо айбнома розӣ нест. Вай афзуд, гуруҳи таъсисдодаи вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба касоне кумак мерасонад, ки дар Шинҷони Чин зери фишор буданд. Аъзои гуруҳ ҳеҷ гуна ҳуҷҷат паҳн намекунанд ва муҳру имзо надоранд.

Билаш гуфт, гуруҳи онҳо танҳо дафтари корӣ дорад.

Серикҷон Билаш дар моҳҳои охир дар шаҳри Алмато чанд нишасти хабарӣ анҷом дода, аз саргузашти қазоқтабороне нақл кард, ки дар Чин иҷборан нигаҳ дошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG