Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷири қирғиз даъвои додгоҳиашро зидди рӯзноманигор пас гирифт


Жалил Отамбоев.
Жалил Отамбоев.

Жалил Отамбоев, тоҷири қирғизистонӣ даъвои додгоҳиашро зидди рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исҳоқов пас гирифт. Тоҷир аз рӯзноманигор 50 млн. сом ҷуброн талаб карда буд.

Дар бораи пас гирифтани даъво Шумқорбек Абжапаров, вакили мудофеи тоҷир хабар дод. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Жалил Отамбоев "Исҳоқовро дар моҳи шарифи Рамазон бахшид ва дигар даъво надорад".

Отамбоев ҳамчунин даъвояшро нисбати ду тоҷири дигар пас гирифт, ки аз ҳар кадоми онҳо 5 млн. сомӣ ҷуброн талаб мекард. Дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ тоҷирон аз қонуншиканиҳои Отамбоев нақл карда буданд.

Радиои Озодӣ 17 апрел таҳқиқоти рӯзноманигории Идрис Исҳоқовро бо номи "Тиҷорати соягӣ дар Ӯш чи гуна ба роҳ монда шудааст", нашр кард. Дар таҳқиқот аз пинҳонкорӣ ва напардохтани андоз аз сӯи тоҷири маъруф мисол оварда шудааст.

Баъди нашри таҳқиқот тоҷир ба додгоҳ шикоят бурда, талаби ҷуброни 50 млн сомро кард. 22 апрел мақомоти Қирғизистон дар асоси далелҳои дар таҳқиқот нашр шуда парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Жалил Отамбоев яке аз сарватмандтарин шахсони вилояти Ӯш ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG