Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 4 осоишгоҳро дар Иссиқкӯл ба Узбекистон барнагардонд


Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки баҳси ба Узбекистон додани 4 истироҳатгоҳ дар соҳили Иссиқкӯл дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Сарвазири вақти Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар соли 2017 истироҳатгоҳҳои мавриди назарро дар ивази сармоя ва қатъи даъвоҳои додгоҳӣ ба Тошканд дод.

Ҳукумати Қирғизистон ахиран хабар дод, ки баҳси истироҳатгоҳҳо дар Додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ баррасӣ мешавад. Соли 2016 ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии сарвазир Темир Сариев тасмим гирифт, истироҳатгоҳҳои марбут ба Узбекистонро дар соҳили Иссиқкӯл миллӣ гардонад.

Аммо Узбекистон ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Тошканд даъво дорад, ки Қирғизистон созишномаи байни давлатҳои пешини шӯравиро аз соли 1992 вайрон кардааст. Созишномаи мазкур истифодаи иншоотеро ба танзим медарорад, ки баъди пошхӯрии СССР дар ҳудуди ҷумҳурии дигар боқӣ мондаанд.

Моҳи декабри соли 2017 сарвазири вақти Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод, Бишкек истироҳатгоҳҳоро ба Узбекистон медиҳад, аммо заминро дар ихтиёри худ нигаҳ медорад. Дар иваз Узбекистон уҳдадор шуда буд, ки дар истироҳатгоҳҳо сармоягузорӣ кунад ва даъвои додгоҳиашро пас гирад.

Аммо рӯзи 8-уми майи соли 2019 ҳукумати феълии Қирғизистон хабар дод, ки созишномаи Сафар Исҳоқов бо ҷониби Узбекистон дар ниҳоят имзо нашуда буд.

XS
SM
MD
LG