Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни ҳусӣ нерӯҳои худро аз се бандари Яман берун мекашанд


Бино ба гузоришҳо аз Яман, ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон рӯзи шанбе нерӯҳои худро аз се бандари калидии ин кишвар берун хоҳанд кард.

Ин иқдом бар асоси мувофиқатномаи Шветсия сурат мегирад, ки моҳи декабри соли гузашта миёни шӯришиёни шиаи ҳусӣ ва нерӯҳои тарафдори ҳукумати Яман ҳосил шудааст.

Раиси Кумитаи ҳамоҳанкунандаи СММ ин иқдоми шӯришиёни ҳусиро “қадами амалӣ” хондааст.

Бар асоси баёнияи СММ, хуруҷи нерӯҳои ҳусӣ аз се бандари асосии Яман, қарор аст, роҳро барои идомаи музокира ва хотимаи ҷанги дохилӣ дар ин кишвари арабӣ ҳамвор кунад. Гуфта мешавад, ин бандарҳо барои тақсими кумак миёни миллионҳо яманӣ, ки аз қаҳтӣ ранҷ мекашанд, зарурӣ аст.

Дар баёнияи Созмони Милал ба иқдомоти нерӯҳои тарафдори ҳукумати Яман ишорае нашудааст. Нерӯҳои ҳукуматӣ аз ҳимояти эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб бархӯрдоранд.

Даргириҳо миёни ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон ва нерӯҳои давлатии таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ чаҳор сол боз идома дорад. Дар ин давра даҳҳо ҳазор нафар кушта ва ҳазорҳо тани дигар дучори қаҳтӣ ва гуруснагӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG