Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардҳо сом зарари буҷаи Қирғизистон аз қочоқи сӯзишворӣ


Сардори пешини шуъбаи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Мақсад Мамитканов мегӯяд, буҷаи ин кишвар аз қочоқи сӯзишворӣ солона беш аз 5 миллиард сом (зиёда аз 70 миллион доллар) зарар мебинад.

Мамитканов гуфт, аз шаҳри Бишкек то шаҳри Тошканди Узбекистон, дар роҳ сӯзишвориҳое фурӯхта мешаванд, ки аз Қазоқистон тариқи қочоқ ворид мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, нархи бензини фурӯшандаҳои сарироҳӣ аз нуқтаҳои фурӯши қонунӣ то 10 сом арзон аст. Ба ҳисоби Мамитканов, солона ба Қирғизистон беш аз миллиард литр сӯзишворӣ бо роҳи қочоқ ворид мешавад. Боҷи гумрукии ҳар як литри сӯзишворӣ 4 сом аст.

Қирғизистон солона ба беш аз 1,1 миллион тонна сӯзишворӣ ниёз дорад. Ба ҳисоби Вазорати иқтисоди ин кишвар, соли 2018 ҳаҷми табодули пинҳонии сӯзишворӣ 25%-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, ҳар чаҳорумин литри бензин ё сӯзишвории дизелӣ ба тариқи қочоқ ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG