Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кунгураи аврупоии рӯзноманигорони тоҷик қатли Мино Мангалро маҳкум кард


Як созмони ҳомии журналистони тоҷик қатли ваҳшиёнаи журналисти афғон Мино Мангалро маҳкум кардааст. Созмоне бо номи Кунгураи аврупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик қатли рӯзноманигор ва муҷриии собиқи чанд телевизиони Афғонистонро ба дасти афроди мусаллаҳи ношинос ваҳшигарӣ ва аҳриманона номидааст.

Мино Мангал наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон рӯзи 11 май кушта шуд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ҳодиса дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст. Мақомоти пулиси Ағфонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд. Таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG