Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори афғон Мино Мангалро кӣ кушт?


Мино Мангал.

Омилони қатли журналисти афғонро дар миёни хешовандон ҷустуҷӯ доранд. Пайвандони Мино Мангал наздикони шавҳари собиқи ӯро дар ин куштор гумонбар медонанд. Мақомот ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Мино Мангал 14 сол дошт, ки ба як марди афғон номзад шуд ва баъди 10 соли номзадӣ, ду сол пеш тӯи арӯсии ӯ барпо шуд. Вале қабл аз он, ки ин маросим барпо шавад, наздикони духтари ҷавон аз шавҳаршавандааш таҳдидҳо шуниданд, ки агар ба қавли худ вафо накарданд, духтари онҳоро ба қатл мерасонад.

"Онҳо маҷбур шуданд ба ин арӯсӣ ризоият бидиҳанд, вале чанд рӯз баъди тӯй, чанд хеши шавҳараш ӯро маҷбуран ба макони беодаме бурда латукӯб ва шиканҷа карданд. Дафъатан баъди ин ҳодиса Мино Мангал аризаи талоқ дод. Издивоҷи ӯ бо шавҳар давоми чандин моҳи сахту тӯлонӣ ва баррасиҳои баҳсбарангези додгоҳӣ хотима ёфт. Хати талоқи Мино Мангал ниҳоят ҳафтаи гузашта ба дасташ расид",- чунин аст нақли Аниса Мангал, модари рӯзноманигор, ки вақти нақли ин ҳама саргузаштҳои талх беист мегиряду вуҷудаш меларзад.

Субҳи 11-уми май, чанд рӯз баъди талоқи расмӣ, ҷасади хунолуди Мино Мангали 27-сола дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кобул пайдо шуд. Замоне, ки ӯ мунтазири мошине барои ба кор рафтан буд, ҳамлагари ношиносе ба тани ӯ чанд тир холӣ кард.

Аҳли хонаводаи духтар шавҳари собиқи ӯ Ҷовидро дар куштори духтари журналисташон гунаҳгор мекунанд. Мино Мангал дар 27-солагӣ тавонист ба як чеҳраи маъруфи телевизион ва аз он ҷо ба мақоми мушовири сиёсӣ ва як ҳомии ҳуқуқи занон бирасад. Пулис гуфт, ки зоҳиран қатли ин духтар натиҷаи баҳси хонаводагӣ буд ва аллакай ба ҷустуҷӯи ҳамсари собиқаш амр додааст.

Мангал яке аз занҳои зиёди афғон аст, ки дар рӯзи равшан дар як макони серодам ва маркази Кобул ҳадафи тир қарор гирифт. Дар 18 соли ҷангҳои Афғонистон шумори зиёди занону духтароне, ки дар мақомҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ба ҳайси сиёсатмадор, фаъоли ҳуқуқ, ходими полис ва омӯзгор кор мекунанд, кушта шудаанд.

Бархе занон дар ин ҷомеаи муҳофизакор қурбонии ба истилоҳ кушторҳои номусӣ шудаанд. Занҳои дигар аз дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст кушта шуданд, ки мухолифи нақши боризи ҷамъиятии занон ва ҳомии ҳуқуқи бонувон мебошанд.

Бо вуҷуди ин, ки дар солҳои баъди саркӯби Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 занҳои зиёде тавонистанд сар баланд кунанд, масъалаи хушунати хонаводагӣ як мушкили маъмулӣ боқӣ монда, издивоҷҳои маҷбурӣ як меъёр шудааст ва занҳоро аз кору карера бозмедоранд.

"Таҳдид кард, ки ӯро мекушад"

Аниса Мангал гуфт, ки шавҳари собиқи духтараш "як марди ноустувор" буд ва хонаводаи духтар мехост, ки ба ин издивоҷ хотима бахшад. "Вале ӯ таҳдид кард, ки агар ин издивоҷро рад кунад, ӯро мекушад", гуфт хонум Мангал ба Радиои Озодӣ. "Мино ҳам дигар ҳеҷ илоҷе надошт, чунки намехост байни ду хонавода ҷанҷол шавад".

Ба гуфтаи модар, як ҳафта баъди издивоҷ, Ҷовид ва тахминан даҳ марди дигар аз хонаводаи шавҳар ӯро ба як макони беодам бурда, заданду шиканҷа карданд. Модар гуфт, ки ҳоло ҳам куртаҳои хунолуди духтарашро ҳифз кардааст.

Залмай Мангал, амаки духтар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мушкили Мино бештар бо хешовандони шавҳараш буд ва вақте кор то додгоҳ рафт, ҷараёнҳои муҳокима ҳам хеле печида буд.

Аниса Мангал гуфт, вақте онҳо дар ин замина ба додситонӣ шикоят карданд, аризаи онҳо қабул нашуд ва аз таҳқиқи ин парванда даст кашид. Ҷамшед Расулӣ, як сухангӯи додситонӣ ин иддаоҳоро рад кард. Ӯ гуфт, ки ин қазия ба унвони далели талоқи Мангал истифода шудааст.

Масъалаи талоқ дар ҷомеаи Афғонистон табу аст ва агар зане хост, ки аз шавҳараш талоқ гирад, ӯ бояд дар муқобили низоми мардсолори адлия муқовимат кунад.

Занҳое, ки дар бораи хушунати оилавӣ шикоят мекунанд, дар бархе ҳолатҳо худашон ҳабс мешаванд. Занҳое, ки аз издивоҷҳои маҷбурӣ фирор мекунанд, гоҳҳо аз ҷониби шавҳар ва ҳатто оилаҳои худ кушта мешаванд.

Дар як навори пурэҳсоси видеоӣ, ки 11-уми май дар Фейсбук нашр шуд, Аниса Мангал аз мақомоти Афғонистон тавалло мекунад, ки қотилони духтарашро пайдо кунанд. "Аз духтари ман ҳимоят кунед",-мегӯяд ӯ. "Ба номи Худо, қотилонро ҷазо диҳед".

Мангал дар Кобул таваллуд шудааст ва волидонаш аз минтақаи ҷануб -шарқи Пактиё буда, авлодҳои ҳамсараш Ҷовид ҳам аз ҳамин минтақа мебошанд.

Мубориза барои ҳуқуқи занон

Мангал дар як навиштааш дар "Фейсбук" рӯзи 3-юми май гуфта буд, ки аз ҷони худ хатар дорад ва дар ҳамин навиштааш гуфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдид гирифтааст. Айни замон ӯ навишт, ки зани ҷасур набояд аз марг битарсад. Ӯ нагуфт, ки аз ҷониби чӣ касе ва барои чӣ таҳдид шунидааст.

Мангал дар давоми фаъолияти телевизиониаш дар Ariana TV, шабакаи "Ламар"-и телевизиони Tolo TV ва телевизиони ҷумҳуриявии Shamshad TV ба як наттоқи маъруфе табдил шуд. Ӯ инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба масоили занон, ҳаққи онҳо ба кор ва таҳсил баҳс мекард. Ӯ, аз ҷумла, саргузаштҳои худро мисол меовард, ки чӣ гуна соли 2017 иҷборан ба шавҳар дода шуд ва аз роҳи мушкили талоқ гузашт.

Вақтҳои охир ӯ дар кумитаи дин ва фарҳанги парлумони Афғонистон ба унвони мушовир кор мекард.

"Моро ҳимоят кунед"

Куштори Мангал мавҷи маҳкумиятҳоро бедор кард ва аз журналистону фаъолони ҳуқуқ тақозо шуд, ки аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон ҳимоят кунанд.

Залма Харутӣ, як журналисти зан дар Афғонистон рӯзи 12-уми май дар "Фейсбук" навишт, "дар кишваре, ки ҷони мани журналист дар хатар аст, ман аз ҳукумат барои корамон ситоиш намехоҳам, балки роҳи ҳимоят аз моро андеша кунед".

Афғонистон як кишвари хатарнок барои журналистон ба ҳисоб меравад. Соли 2018 дар ин кишвар 15 журналист кушта шуд ва танҳо соли 2019 чор хабарнигор ба қатл расид.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG