Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи 7 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми "терроризм" дар Маскав


Хабаргузории ТАСС – и Русия аз муҳокимаи 7 зодаи Тоҷикистон гузориш дод, ки ба тарҳрезии ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, муҳокимаи Фарҳодҷон Нозимов, табиби собиқи шифохонаи рақами 91 дар шаҳри Санкт Петербург, Ҷумъахон Баймонов, Абдулғафур Раупов, Муҳаммадӣ Бобоёров, Суҳробҷон Нозимов ва Амрадҷон Раупов рӯзи 14-уми май дар Додгоҳи низомии шаҳри Маскав шуруъ шудааст.

Хабаргузории “ТАСС” гуфтааст, ба ғайр аз ду муттаҳам, ки иртибот ба ҷиноятро эътироф кардаанд, дигар панҷ нафар гуфтаанд, ки ҳеҷ гуноҳе надоранд ва иттиҳомот беасос аст.

Хабарнигори ТАСС гуфтааст, “Ҳафт зодаи Тоҷикистон ва тарафдорони гуруҳи “Давлати исломӣ” баҳори соли 2017 ҷамъ шуда ва нақшаи амали террористӣ дар роҳи қатори баландсуръати “Сапсан”-ро кашидаанд.”

Ба навиштаи хабаргузорӣ ҳадафи онҳо эътироз ба амалиёти низомии Русия дар Сурия будааст. Ба гуфтаи муфаттишон, зодагони Тоҷикистон, ки маълум нест, шаҳрванди Русия ҳам ҳастанд, ё не, қасд доштаанд, баъди анҷоми амалиёти террористӣ видеоеро бо дархости берун кардани неруҳои Русия аз Сурия нашр кунанд.

Хабарнигори ТАСС бо такя ба парвандаи ҷиноӣ навиштааст, ки муттаҳамон ба ҷиноят, рӯзи 7-уми июли соли 2017 бо гузоштани як олоти филлизӣ рӯи роҳи оҳан хостаанд, ки он аз роҳаш хориҷ шавад ва ба қатори муқобил бархӯрад. Дар натиҷаи ин қатор ба оҳан бархӯрда, вале аз роҳаш хориҷ нашудааст, танҳо 5 вагони он осеб дидаанд ва ширкати роҳи оҳан 55 миллион рубл зиён дидааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, “баъди ин амалиёти ноком гуруҳи мазкур хостаанд, таркиш анҷом диҳанд” , вале ҳангоми таҳқиқи ҳодиса дар роҳи оҳан онҳоро ошкор ва боздошт кардаанд. Муҳокима то охири ҳамин моҳ идома мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин парванда вокуниш нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG