Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як ширкати мобилии дигар таъсис доданианд


Ширкати мобилии "КТ Мобайл" эълом кард, ки дар Қирғизистон боз як ширкати мухобиротии дигар бо номи "Салом" (Salam) фаъолиятро оғоз хоҳад кард.

Раиси Кумитаи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистон Бақид Шаршембиев гуфт, дар робита ба таъсиси ширкати "Салом" корҳо шуруъ шуданд. "То ҷое ба мо маълум аст, ҳоло нақшаи тарофаҳоро таҳия доранд. Симкортҳо аллакай омода ҳастанд. Фаъолияти ширкат эҳтимол аст, давоми моҳ ба роҳ монда шавад", - афзуд ӯ.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 16 май дар ҷаласаи ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як моҳ фаъолияти ширкати "Салом"-ро ба роҳ монанд. Масъулияти иҷрои тарҳ бар зиммаи ширкати "Мегаком" вогузор гаштааст.

Вале Оқилбек Жамангулов, мудири кулли ширкати "Алфа Телеком", ки молики "Мегаком" аст, гуфт, дар асл дар робита ба ширкати "Салом" ҳеч гуна корҳое оғоз нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаб истеъфои раҳбари ширкати "КТ Мобайл" аст. Худи Жамангулов низ зидди таъсиси як ширкати дигар дар асоси "Мегаком" аст. Зеро барои ин кор ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 86 млн доллар лозим аст.

"КТ Мобайл" соли 2003 дар асоси "Қирғизтелеком" таъсис ёфт. Он замон фаъолияти ширкат ба далели набудани сармоя ба роҳ монда нашуд. "Мегаком" ахиран ба он ҳамчун тарҳи мушатарак 345 миллион сом (ҳудуди 5 млн доллар) сармоягузорӣ кард. Вале дар пайи баҳсҳо атрофи ширкати тозатаъсис, ки гӯиё пушти он наздикони сарвазир меистанд, масъулони "Мегаком" пулро бозпас гирифтанианд.

Дар ҳоли ҳозир дар бозори алоқаи Қирғизистон се ширкат -- "Мегаком", "Билайн" ва "О!" фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG