Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туркия хариди нафт аз Эронро қатъ кардааст"


Як мақоми баландпояи Туркия рӯзи чоршанбеи 22-юми май гуфтааст, бо поён ёфтани гузаштҳои ИМА ба харидорони нафти Эрон, ки мехостанд аз таҳримҳо эмин бошанд ва тамдид нашудани ин гузаштҳо, Анқара хариди нафт аз Эронро аз моҳи май қатъ кардааст.

Ин мақоми баландпояи Туркия, ки номаш фош нашудааст, ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, "ҳоло мо ҳеҷ нафте аз Эрон ворид намекунем". Вай дар идома гуфтааст, "мо яке аз ҳашт кишваре будем, ки аз таҳримҳои нафтии Амрико муоф шуда будем. Акнун мо омодаем, ки аз ин таҳримҳо пайравӣ кунем".

Ин мақом гуфтааст, ки Туркия мухолифи таҳримҳо алайҳи Эрон аст, аммо ба унвони як шарики стратегӣ, ба тасмими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҳтиром мегузорад. "Дар инзиво қарор додани Эрон ба нафъи кор нахоҳад буд",-гуфтааст ин мақоми туркӣ.

Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи душанбе ба нақл аз манбаъҳои саноатӣ ва ширкатҳои машваратӣ дар бахши энержӣ гузориш дода буд, ки дар моҳи май ҳеҷ киштии нафткаш бо маводи нафтӣ аз Эрон дар бандарҳои Туркия лангар назадааст.

Ҳукумати Амрико пас аз хуруҷ аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, ҳама таҳримҳои бекоршуда алайҳи Ҷумҳурии исломиро дигарбора ҷорӣ кард. Аз моҳи ноябри соли гузашта, ки таҳримҳои Амрико ба ҳолати иҷро даромад, Вашингтон ба ҳашт кишвар, аз ҷумла Туркия, Чин ва Ҳинд шаш моҳ имтиёз дода буд, ки аз Эрон нафт ворид кунанд.

Амрико рӯзи 2-юми май ба ин гузаштҳои нафтӣ барои муштариёни нафти Эрон, поён дод. Амрико мегӯяд, ҳадафаш аз лағви ин гузаштҳо, ба сифр расонидани содироти нафти Эрон аст.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз манбаъҳои киштиронӣ мегӯяд, содироти нафти хоми Эрон дар моҳи май ба 500 ҳазор баррел ё бушка дар рӯз коҳиш ёфтааст. Бахши асосии нафти хоми Эрон ба кишварҳои осиёӣ содир мешавад. Аммо маълум нест, ки чӣ касе харидори ин нафт аст ва ё дар куҷо захира мешавад.

Эрон қабл аз таҳримҳо рӯзона 2,5 миллион бушка нафт ва газ содир мекард, ки баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Амрико дар моҳи ноябри соли гузашта, ниҳоят коҳиш ёфт.

Тибқи ин гузориш, Тупрас -- ягона ширкати муштарии нафти Эрон дар Туркия, аз ҳукумати Амрико хоста буд, ки гузаштҳо барои воридоти нафт аз Эронро барои ин ширкат тамдид кунад. Аммо Вашингтон бо ин дархост мувофиқат накард.

Мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ин амалкарди Амрико мегӯянд, ки таваққуфи комили содироти нафт аз ин кишвар ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд. Эрон тайи моҳҳои гузашта низ миқдоре аз нафти худро ба таври қочоқӣ вориди бозор кардааст.

Форуми Фейсбук

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG