Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Барои муқобила бо таҳдидҳои Эрон ниёз ба фиристодани нерӯи бештар нест"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 23-юми май гуфт, ки барои муқобила бо таҳдиди Эрон, ниёзе ба фиристодани нерӯи бештар ба Ховари Миёна нест.

Раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, Эронро бозигари "бисёр хатарнок" ва "бад" хонд ва гуфт, аз вақте, ки Амрико аз созиши ҳастаӣ берун шуд, Ҷумҳурии исломӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ дар вазъияти бисёр мушкил ва печида қарор гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба гузоришҳо дар бораи фиристодани нерӯҳои бештар ба Ховари Миёна барои муқобила бо Эрон, гуфт, "фикр намекунам ниёзе ба ин бошад. Агар ниёз бошад, нерӯи низомӣ мефиристем, дар сурати даркорӣ ҳар миқдоре, ки ниёз бошад, ба онҷо нерӯ мефиристем".

Рӯзи чаҳоршанбе хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гузориш дода буд, ки Вазорати дифои Амрико тарҳеро барои фиристодани 10 ҳазор нерӯи бештар ба Ховари Миёна, ба Кохи Сафед ироа хоҳад кард.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, Доналд Трамп ин изҳоротро қабл аз нишаст бо Патрик Шанаҳан, сарпарасти вазорати дифоъ дар Кохи Сафед дар бораи тарҳи нави фиристодани нерӯ ба Ховари Миёна, матраҳ кард.

Патрик Шанаҳан чанд соат пештар гуфта буд, бо таваҷҷуҳ ба таниш бо Эрон, Вазорати дифоъ дар ҳоли баррасии тарҳи фиристодани нерӯи бештар ба Ховари Миёна барои муҳофизат аз нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа аст.

Таниш байни Теҳрон ва Вашингтон ахиран рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мақомҳои ҳукумати Амрико мегӯянд, "маълумоти боварибахш" дар бораи таҳдидҳои нави Эрон дарёфт кардаанд ва ба бинобар ҳамин, нерӯҳои худро дар минтақа тақвият мекунанд. Эрон ин гуфтаи мақомоти Амрикоиро радд мекунад.

Патрик Шанаҳан ба хабарнигорон гуфтааст, "ман имрӯз субҳ хабари фиристодани 10 ҳазор нерӯи изофиро ба Ховари Миёна хондам ва баъд хабари фиристодани 5 ҳазор нерӯро дидам". Ӯ гузориши расонаҳо аз фиристодани панҷ ҳазор нерӯро "нодуруст" хонд ва гуфт, "фиристодани нерӯҳои бештар, аз ҷумлаи чораҳое мебошад, ки дар ҳоли баррасӣ аст".

Патрик Шанаҳан.
Патрик Шанаҳан.

Вай гуфтааст, ҳадафи Амрико ҳифозат аз нерӯҳояш дар Ховари Миёна аст, на ҷанг ва афзуд, ки Амрико мехоҳад аз хатарҳо аз сӯи Эрон, пешгирӣ кунад.

Ҳукумати Амрико мегӯяд, аз онҷо, ки маълумоти мушаххасе аз вуҷуди хатар барои манфиати Амрико дар минтақа ба даст овардааст, нови ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии худро ба минтақа гусел кардааст. Вашингтон ба ҷузъиёти ин таҳдидҳо ба таври мушаххас ишора накардааст.

Бо вуҷуди боло гирифтани таниш байни Эрон ва Амрико дар ҳафтаҳои ахир, мақомоти ду кишвар эълон кардаанд, ки хоҳони ҷанг бо якдигар нестанд, вале ба ҳар ҳамлае аз сӯи тарафи муқобил, посухи маҳкам хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG