Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон аз куҷост? Баҳс дар порлумон. САДО


Абдуманнон Холиқзода
Абдуманнон Холиқзода

Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон мавридҳои истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои кишварро тасдиқ кард. Абдуманнон Холиқзода дар ҷаласаи се рӯз пеш дар порлумон гуфт, барои ҷилавгирӣ аз ин масъалаи доғ чора меҷӯянд.

Ин масъаларо Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҳизби сотсиалист, матраҳ кард. Ҳарчанд мавзӯи ҷаласаи порлумон “дар бораи эъломияи дороиҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ” буд, ӯ аз муовини якуми Вазорати адлия тақозо намуд, сабабҳои вуҷуди маводи мухаддир дар зиндонҳоро шарҳ диҳад.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

“Ҳодисаҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ аз воситаҳои нашъадор истифода бурдани маҳбусон зиёд аст. Бо кадом роҳу восита он дастраси маҳбусон мешавад?” -- пурсид Ғаффоров.

Ҳарчанд муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода бо назардошти аз мавзуъ берун будани масъала хоҳиш кард, ба ин суол посух надиҳад, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ исрор намуд, ки “масъала шарҳ дода шавад”.

Абдуманнон Холиқзода дар ҳузури вакилон гуфт, “воқеан, ин гуна ҳолатҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷой доранд. Роҳбарияти вазорат кӯшиш дорад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад. Як қатор омилҳое ҳастанд, ки ба паҳншавии маводи мухаддир дар муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат менамоянд ва яке аз онҳо ба кормандони ин муассисаҳо вобастагӣ дорад.”

Маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон аз куҷост?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим

Холиқзода гуфт, “аттестатсия” ё санҷиши маъмурони зиндонҳо гузаронда шудааст ва бар асоси он чанде аз онҳо “бинобар сатҳи пасти дониш ва қонуншиканиҳо, аз кор ва хидмат озод карда мешаванд”.

Вале Холиқзода дар хусуси теъдоди маҳбусоне, ки гирифтори маводи мухаддир ҳастанд ва дар соли равон чӣ қадар маводи мухаддир ба маҳбасҳо ворид шудааст ва манбаъҳои таъминкунанда кадомҳоянд? посух нагуфт.

Қаблан ҳомиёни ҳуқуқ ва омбудсмени Тоҷикистон фавт ва ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани зиндониёни тоҷикро мушкили асосӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ номида буданд. Дар гузорише, ки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нашр кард, гуфта шудааст, “ҳоло дар муассисаҳои ислоҳӣ 307 маҳбуси мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан адои ҷазо менамоянд. Теъдоди гирифторони бемории сил дар зиндонҳо 173 нафар аст"

Дар маҳбасҳои Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд. Баҳори соли гузашта Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии сил ва ВИЧ дар боздоштгоҳу зиндонҳо даст ба кор шавад.

XS
SM
MD
LG