Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ Қирғизистон: шумори муҳофизони Отамбоев кам нашудааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) сарусадоҳои марбут ба муҳофизати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро пас аз ҳабси муҳофизи шахсияш Дамир Мусакеев шарҳ дод.

"Бар асоси қонунгузорӣ, давлат президент, раиси порлумон, сарвазир, раиси Додгоҳи олӣ, президенти пешин, дар сурати зарурат вакили порлумон ва раҳбари давлат, ҳукумат ва ҳайати кишвари хориҷиро ҳангоми будубошашон дар Қирғизистон муҳофизат хоҳад кард",-омадааст дар баёнияи КДАМ.

Бино бар ин, ба гуфтаи КДАМ, шумори маъмуроне, ки амнияти Алмосбек Отамбоевро таъмин мекунанд, кам карда нашудааст.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 24 май муҳофизи шахсии Отамбоев -- Дамир Мусакеевро дар сӯистифода аз мақом айбдор эълом ва 5 сол зиндонӣ кард. Ӯ гӯиё ҳангоми сардори хадамоти 9-уми КДАМ будан дар тақсими хонаҳои хидматӣ аз мақомаш сӯистифода кардааст.

XS
SM
MD
LG