Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар бораи вазъи Шинҷон: "Кори дохилии Чин аст"


Вазирони умури хориҷии Қазоқистон ва Чин.
Вазирони умури хориҷии Қазоқистон ва Чин.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, дар бораи шумори қазоқтабороне, ки дар "марказҳои бозомӯзӣ"-и минтақаи Шинҷони Чин нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот надорад.

Ин ниҳод 27-уми май дар посух ба дархости Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ба Конвенсияи муносибатҳои дипломатии Вена аз соли 1963 истинод овардааст, ки дар равобити байналмилалӣ "дахолат ба умури дохилии кишвари дигарро манъ мекунад". "Қазоқистон ҳақ надорад, ба мушкили қазоқтабороне дахолат кунад, ки шаҳрвандони Чинанд",-омадааст дар посухи ВКХ Қазоқистон.

Ба огаҳии вазорат, сабаби асосии манъи сафари қазоқтаборон ба Қазоқистон нақзи қонунҳои муҳоҷирати Чин аст. "Агар қазоқтаборон низоми муҳоҷирати Чинро нақз накунанд, мақомоти ин кишвар монеи сафари онҳо нахоҳанд шуд",-афзудааст манбаъ.

Ба огаҳии Кумитаи муҳоҷирати Қазоқистон, соли 2018 шаҳрвандии ин кишварро 14 324 қазоқтабор аз Чин дарёфт кардааст. Танҳо дар чор моҳи аввали соли равон ба 1 929 қазоқтабор шаҳрвандии Қазоқистон дода шудааст.

Дар бораи таъқиби ақалиятҳои миллии Чин, аз ҷумла қазоқтаборон аз баҳори соли 2017 ба ин сӯ хабар дода мешавад. Гуруҳи қазоқтабарони ба Қазоқистон паноҳбурда моҳи октябри соли гузашта бо навиштани як хитобаи дастаҷамъӣ аз садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ барои раҳоии наздиконашон аз "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ"-и Шинҷон дархости кумак карда буданд.

Худи Пекин боздоштҳои дастаҷамъии ақалиятҳои миллиро рад мекунад. Мақомоти Чин мавҷуд будани "урдугоҳҳои махсус"-ро тасдиқ мекунанд, вале онҳоро "марказҳои омӯзиши касбӣ"-е меноманд, ки гӯё барои пешгирӣ аз экстремизми динӣ таъсис дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG