Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси додгоҳии ноширони китобҳои Чингиз Айтматов дар Туркия


Додгоҳе дар Туркия баррасии шикояти нашркунандагони китобҳои нависандаи қирғиз Чингиз Айтматовро бо забони туркӣ оғоз кард. Бино ба навиштаи "Hürriyet", баҳси додгоҳӣ бар сари ҳаққи муаллифӣ аст.

Дар Туркия аз соли 1991 то соли 2007 китобҳои Айтматовро "Ötüken yayıncılık" нашр мекард ва соли 2017 ҳуқуқи муаллифии осори нависандаи қирғиз ба ширкати "Nora kitap" дода шуд. Вале аввалӣ бо вуҷуди ин нашри китобҳои Айтматовро идома дод. Дар натиҷа "Nora kitap" соли 2017 зидди "Ötüken yayıncılık" ба додгоҳ шикоят бурд.

Китобҳои "Киштии сафед" ва "Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман"-и Чингиз Айтматов ба рӯйхати "100 асари классикӣ"-и тасдиқкардаи Вазорати маорифи Туркия шомил шудаанд.

Чингиз Айтматов – яке аз нависандаҳои серхонандатарини ҷаҳон ба шумор рафта, осори ӯ бо беш аз 170 забон тарҷума шудааст.

XS
SM
MD
LG