Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мактабҳо дар Афғонистон тақрибан 3 баробар афзудааст


Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) гуфт, ки соли гузашта ҳамлаи ҷангҷӯён ба мактабҳо дар Афғонистон тақрибан се баробар афзудааст.

Ин созмон рӯзи 28-уми май гуфт, агар дар соли 2017-ум 68 ҳамла ба мактабҳо сабт шуда буд, дар соли 2018 ин рақам ба 192 расидааст.

Аз соли 2015 ба ин тараф бори аввал афзоиши ҳамла ба мактабҳо дар Афғонистон мушоҳида шудааст. Форе Ҳенриетта, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ мегӯяд, "маориф дар Афғонистон зери оташ аст."

Вай афзуд, "ҳамлаҳои бешуурона ба мактабҳо, куштану захмӣ кардан, осеб расондан ва рабудани омӯзгорон ва таҳдидҳо алайҳи маориф умед ва орзуҳои як насли комили кӯдаконро аз байн мебаранд."

Ба далели таҳдиди гуруҳҳои ҷангҷӯе ба монанди «Толибон» ва «Давлати исломӣ» дар тамоми Афғонистон беш аз 1000 мактаб баста мемонад.

ЮНИСЕФ мегӯяд, эҳтимол истифодаи бинои мактабҳо ба ҳайси марказҳои овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2018 яке аз омилҳои афзоиши ҳамлаҳо шудааст.

Ин бахши Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тақрибан 3,7 миллион нафар, яъне ниме аз кӯдакони синни мактабӣ дар Афғонистон аз таҳсил дуранд.

XS
SM
MD
LG