Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омодабош" дар Сербистон, баъди амалиёти пулиси Косово


Амалиёти пулис субҳи 28-уми май дар минтақаи асосан сербнишини шимоли Косово муносибати бе ин ҳам бади Приштина бо Сербистонро бадтар кард. Ин амалиёт Белгардро водор намудааст, ки нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош дарорад.

Пулиси Косово рӯзи 28-уми май гуфт, нерӯҳои махсус дар шимоли ин кишвар “чанде аз кормандони маҳаллии пулис ва сокинонро дастгир кардаанд”.

Ҳошим Тачи, президенти Косово, дар Приштина ба хабарнигорон гуфт, як шаҳрванди Русия низ дастгир шудааст, ки зери ниқоби дипломат мехост аз амалиёт пешгирӣ кунад. Ӯ ҷузъиёти бештар надод.

Вале сафорати Русия дар Белград гуфт, нафари боздоштшуда Михаил Красношченко аст.

Пулиси Косово дастгиршудаҳоро барои “фаъолияти ҷиноӣ” муттаҳам кард.

Косово як вилояти пешини Сербистон аст, ки 11 сол пеш аз он ҷудо шуд. Бо онки 115 кишвари дунё Косоворо ба ҳайси давлати мустақил эътироф кардаанд, Сербистон истиқлоли онро ҳеҷ гоҳ напазируфт.

XS
SM
MD
LG