Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санги калон дар Рашнаи поён рӯзгори даҳҳо оиларо талх кардааст


Хатари сангфароӣ, эҳтимоли фаромадани ярчу такрори ҳодисаи монанд ба “Шарора” даҳҳо оилаи деҳаи Рашнаи поёни шаҳри Панҷакентро нигарон кардааст.

Санги калони доирашакл дар болои деҳаи Рашнаи поёни шаҳри Панҷакент бар асари бориши барфу борон аз ҷойи асосиаш 1,5 метр боло шудааст. Дар сурати ба поин ғелидан, даҳҳо хонаро вайрон карда, ҳатто боис ба марги шумораи зиёди сокинон хоҳад шуд.

Дар деҳаи Рашнаи поён, ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент, имсол боришот зиёд шуд боис ба намии баланди замин гардид ва хатари омадани селу резиши сангро бештар кард.

Дар маҳаллаи “Ҳавлии боло” то маркази деҳа беш аз 100 оила зиндагӣ мекунанд. Иброҳим ном сокини деҳа гуфт: “Санги калону доирашакл, ки вазни зиёд дорад, аз деҳа дар масофаи 300 метр боло муаллақ меистод. Имсол дар натиҷаи бориши барфу борон аз ҷойи пешинааш беҷо шуд. Ҳар лаҳза хатари фаромаданаш ба деҳа вуҷуд дорад. Шабҳо хобамон намебарад, ки яке санг ба болои мо нафарояд. Хонаҳо ба ҳамдигар зич ҳастанд. Барои зиндагӣ ҷои дигар надорем. Дар миёни маргу зиндагӣ ҳастем.”

Бригадири деҳаи Рашнаи поён Абдуқодир Холиқов иброз дошт, ки “одамонро ҷамъ карда бурдем, вале имкони шикастани санг ё монеа гузоштан ба он нест. Бурдани нақлиёт имконнопазир аст. Масъулони ҷамоати Шингро аз вазъ огоҳ кардем, вале ягон нафар ба дидани вазъи воқеӣ наомадааст.”

Сокинони деҳа тасмим гирифтаанд, бо номаи дастҷамъӣ ба ҳукумати шаҳри Панҷакент муроҷиат кунанд ё тавассути расонаҳо таваҷҷуҳро ба ин мушкил ҷалб намоянд.

Деҳаи Рашнаи поёни шаҳри Панҷакент аз маркази шаҳр дар масофаи 45 киломер дуртар ҷойгир аст. Умуман замини ҳамвори корам надорад ва аз минтақаҳои осебпазир аз офатҳои табиӣ ба шумор меравад.

Соли 1992-93 ба асари омадани сел дар ин деҳа даҳҳо хона ба коми сел рафт, вале то ҳанӯз оилаҳои зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида нашудаанд. Сокинон бо барқарор кардани манзилҳои зарардида, зиндагиро идома доданд, ки сол то сол бо зиёд шудани аҳолӣ дарёфти қитъаи замин барои бунёди манзил мушкил мегардад.

Дар баробари хатари сангрезӣ, дар теппаи калони болои деҳа – мавзеи «Пушти деҳ» - низ тарқиш пайдо шудааст ва эҳтимоли рехтани ҳазорҳо тонна хоку лой вуҷуд дорад. Дар ин деҳа зиёда аз 120 оила зиндагӣ мекунанд ва манбаи асосии зиндагии онҳо аз ҳисоби пули муҳоҷирон дар Русия аст.

Маҳмуд Аҳмадӣ,

рӯзноманигор

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Сангҳои Душанбе чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
XS
SM
MD
LG