Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Афғонистон иддаои "фасоди ахлоқӣ" дар Қасри президентиро таҳқиқ мекунад


Додситонии кулли Афғонистон эълом кард, ки иддаои як мушовири пешини президенти он кишвар дар мавриди фасоди ахлоқӣ дар Арг ё Қасри раёсати ҷумҳуриро, баррасӣ хоҳад кард.

Генерал Ҳабибуллоҳ Аҳмадзай, аз мушовирони пешини президент Ашраф Ғанӣ чанд рӯз қабл дар як гуфтугӯ бо телевизиони маҳаллии "Хуршед" аз "тарвиҷи фаҳшо ва фасод" дар дастгоҳи президентӣ сухан гуфт. Ин мавзӯъ аз чанд рӯз ба ин тараф дар сархати расонаҳои Афғонистон қарор гирифтааст.

Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии куллии Афғонистон рӯзи сешанбеи 28-уми май дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳайате барои баррасии ин парванда таъйин шудааст ва аз оқои Ҳабибуллоҳ Аҳмадзай хоста шуд, то санад ва далелҳо дар ин бора пешниҳод кунад".

Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон.
Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон.

Ҷамшед Расулӣ афзуд, додситонӣ дар баробари ин, ки ҳайате барои баррасии ин қазия таъйин кардааст, аз оқои Аҳмадзай ҳам хостаст, ки то рӯзи панҷшанбе ҳамаи санад ва далелҳои дар даст доштаашро ба додситонӣ ироа кунад, то ҳайат битавонад бо такя ба ин санад ва далелҳо, таҳқиқи худро пеш барад".

Қабл аз ин Самим Ориф, муовини сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам таъйид карда буд, ки ин қазия ба додситонӣ фиристода шудааст.

Ҳабибуллоҳ Аҳмадзай, мушовири пешини раиси ҷумҳури Афғонистон дар умури амниятӣ ахиран иддао кард, ки дар Қасри раёсати ҷумҳури он кишвар "фасоди ахлоқӣ" вуҷуд дорад. Аҳмадзай гуфтааст, шуморе аз вазирон, мушовирони раиси ҷумҳур ва вакилони порлумон дар тарвиҷи фаҳшо нақш доранд.

Оқои Аҳмадзай ҳамчунин иддао кардааст, ки шуморе аз номзадҳои зан дар интихоботи порлумонӣ камтар аз 600 раъй ба даст оварда буданд, аммо бар асоси робитаҳои номашрӯъ бо Қасри раёсати ҷумҳурӣ, ба порлумон роҳ ёфтанд.

"Ин иддаоҳо беасос мебошанд"

Ҳорун Чахонсурӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, генерал Ҳабибуллоҳ Аҳмадзай ин изҳоротро бинобар масоили шахсӣ баён кардааст. Ӯ талаб кардааст, ки дар ин бора санаду далел ироа шавад.

Наргис Ниҳон, сарпарасти вазорати маъодини Афғонистон рӯзи 25-уми май дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, "бо итминон метавонам бигӯям, ки ин иддаоҳо беасос мебошанд".

Ин иддаоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус "Фейсбук" вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Бархе аз корбарони ин шабакаҳо тасвирҳои бархе аз занон ва духтарони фаъоли сиёсиро бо ҷумлаҳои номуносиб ва ношоиста ба нашр расониданд.

"Чунин иддао бар занон таъсири манфӣ дорад"

Дар ҳамин ҳол, Обида Тиллоӣ, як узви Шабакаи занони Афғонистон мегӯяд, ин қазия занонро нигарон сохтааст. "Чунин иддао таъсири манфӣ дорад. Чунончӣ ки мо дар ҷараён ҳастем, занон бо мушкилоти зиёде дасту панҷа нарм карданд ва талошҳои зиёде намуданд, то ба муваффақият бирасанд. Шабакаи мо хомӯш нанишаста, кумитаеро ташкил додаем ва бо ирсоли нома аз додситонӣ хостем, то ба таври расмӣ ин қазияро пайгирӣ кунад."

Шуморе аз занони фаъоли афғон гуфтаанд, иддаои фасоди ахлоқӣ бар занон дар идораҳои давлатӣ, ба фаъолияти бонувон таъсири манфӣ ворид кардааст. Рӯзи 27-уми май Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон низ иддаои вуҷуди фасоди ахлоқӣ дар Арги раёсати ҷумҳуриро такондиҳанда хонд ва ба баррасии ҷиддии он таъкид кард.

Ӯ дар нишасти Шӯрои вазирон бо ибрози таассуф аз гузоришҳо дар бораи "иттиҳоми расвоиҳои ҷинсӣ" гуфт, ки "бо чунин сару садоҳо, масоиле метавонд вуҷуд дошта бошад". Ӯ афзуд, ки дар бораи онҳо қазоват намекунад, вале таъкид кард, ки "бояд роҳи ҳал ин набошад, ки касе, ки паёмро расондааст, ҳамонро ҳам ҷазо бидиҳем".

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG