Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон президенти "Акнет"-ро боздошт карданд


Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар дод, ки президенти "Акнет" -- бузургтарин ширкати фароҳамкунандаи Интернет дар ин кишвар Кубан Ажимудинов дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд. Ҳамроҳ бо Ажимудинов сармуҳосиб ва мудири кулли ширкати "Строй сет", як ширкати вобаста ба "Акнет"-ро низ дастгир кардаанд.

"Дар ҷараёни тафтиши парванда маълум шуд, ки соли 2017 ба буҷаи "Акнет" ҳамчун пардохти абонентӣ беш аз 1 миллиард сом (зиёда аз 17 млн доллар) ворид шудааст. Масъулони ширкат дар охири сол даромади холиси худро 195 миллион сом нишон додаанд. Дар соли 2018 ба ҳисоби ширкат ҳамчун пардохти абонентӣ 1,2 миллиард сом ворид гаштааст. Тафтишот ба хулосае омад, ки масъулони "Акнет" харҷи худро барзиёд ва даромадро кам нишон додаанд",-афзудааст ВКД.

Ҳамчунин фаъолияти 11 ширкати вобаста ба "Акнет" ошкор карда шудааст. "Аз моҳи июни соли 2016 то соли 2018 аз ҳисоби "Акнет" ба ҳисоби ширкати вобаста ба он -- "Строй сет" 101 009 401 сом интиқол ёфта, ҳамчун маблағи хадамоте ба қайд гирифта шудаанд, ки тасдиқи худро наёфтанд. Ҳолатҳои ҳамсони дигар низ ошкор шудааст",-гуфтааст ВКД дар шарҳи боздошти раҳбарони ширкатҳо.

Зидди гумонбарон бар пояи банди "азхудкунии маблағи калон бо маслиҳати пешакӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG